https://sadoimardum.tj

Иштироки Мавсума Муинӣ дар сессияи илмӣ

№:129 (5181), 21 окт 2026, 11:20
1

15-уми октябри соли 2026 дар заминаи ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ба саломатӣ» дар мавзуи «Тандурустии ҷаҳонӣ дар асри XXI: идоракунии омилҳои хавф ва стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ» сессияи илмии байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату идораҳои алоқаманд ва вакилону намояндагони кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Мавсума Муинӣ меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки истиқлол ба рушди соҳаи тандурустӣ неруи нав бахшида, давра ба давра барои ислоҳоти бахшҳои мухталифи он шароит фароҳам омад.
- Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳиб­ихтиёрӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба соҳаи тандуру-стии кишвар, алалхусус, дар раванди ислоҳоти соҳаи тандурус­тӣ, рушди хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ва дар натиҷа дастрасӣ, сифат ва самаранокии маҷмуи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, хусусан, ба табақаҳои осебпазир, тадриҷан беҳтар гардид, - зикр кард М. Муинӣ.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, миёни иштирокдорон мубодилаи таҷриба ва афкор сурат гирифта, доир ба масъалаи мавриди баррасӣ шарҳу тавсияҳо ва пешниҳодҳо ироа шуданд.
Cайёра БОБОЕВА,
шуъбаи матбуоти МН МО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: