https://sadoimardum.tj

Вакилон рушди энергияи «Сабз»-ро баррасӣ карданд

№:144 (5196), 09 ноя 2026, 11:40
3

Бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энерге-тика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода дар мавзуи «Таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалии рушди манбаъҳои барқароршавандаи энер-гия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Систе-мавтоматика» ва Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон иштирок доштанд.
Азиз Гиёзода зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таҳлили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, вазъи иқтисодӣ ва амалии рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баррасии ҷанбаҳои илмию амалии исти-фодаи энергияи «сабз», муайян намудани мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мусоидат ба ҷалби сармоя ва истифодаи самараноки иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таъкид шуд, ки дар рушди энергетикаи умумӣ истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мақоми махсус дорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то соли 2037 ба кишвари «сабз» табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд амалӣ мегарданд.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва ком-муникатсия Муҳамадулло Шерализода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода, муовини директори генералии ҶСК «Системавтоматика», ноиби раиси Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон Мансур Қудусов ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷом аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиш пешниҳоду тавсияҳои дахлдор қабул шуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: