https://sadoimardum.tj

Ифтитоҳи бинои ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

№:77 (4973) 23 июн 2025, 19:14
0

20-уми июни соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 30 садяк сохта шуда, аз 6 ошёна бо таҳхона иборат мебошад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шароити фароҳамшуда барои кормандони мақомоти милитсия баҳои баланд дода, ҳайати шахсиро ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, саҳми фаъол гузоштан дар пешгирии ҷинояткорӣ дар пойтахт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои дигар уҳдадориҳои касбӣ вазифадор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 59 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва толори маҷлис иборат буда, ошёнаи якум барои мошинҳои оташнишонӣ ва махсус пешбинӣ гардидааст ва дар ошёнаҳои дигар ба кормандон баҳри иҷрои уҳдадориҳои касбӣ ва пешрафти фаъолияти хизматӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ кормандони мақомотро бинобар мавриди истифода қарор гирифтани бинои наву замонавӣ табрик гуфта, баҳри иҷрои содиқонаву софдилонаи вазифаҳои дар назди халқу Ватан бар уҳда доштаашон даъват намуданд.

www.dushanbe.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: