Равоншиноси ҷавони тоҷик ғолиби озмуни байналмилалӣ шуд
Равоншиноси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Манижа Раҷабова дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотии «Беҳтарин омӯзгор», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, соҳиби дипломи дараҷаи I шуд.
Озмуни байналмилалӣ аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқотии «Endless Light in Science» доир шуда, дар он омӯзгорону муҳаққиқон аз давлатҳои мухталиф тариқи фосилавӣ иштирок ва мақолаҳои илмии худро пешниҳод намуданд.
Манижа Раҷабова дар ин озмун бо мақолаи «Таҳқиқи муносибатҳои мутобиқати психологии ҳамсарони ҷавон ва қаноатмандӣ аз никоҳ» иштирок намуда, ғолиби озмун гардид.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тасдиқ карда
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023, № 11, моддаи 456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДОРОИ МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ Моддаи 1.
