Аз рӯйи 344 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 6 филиал фаъолият менамояд, ки аз рӯйи зиёда аз 340 номгӯйи ихтисосҳо мутахассис омода карда мешаванд.
Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҷамъбасти нимсолаи якум иброз намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 кумита муваззаф гардид, ки ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани 210 ҳазор нафар шаҳрвандон тадбирҳои амалӣ андешад.
- Бо ин мақсад барои зиёд намудани шумораи қабули хонандагон ба нақша гирифта шудааст, ки дар 5 соли оянда беш аз 1 миллион нафар шаҳрванд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд, - афзуд Фарҳод Раҳимӣ.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 14 самт ва 300 касбу ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда шуда, дар ин давра курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро 4 ҳазору 269 нафар хатм кардаанд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





