АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Тақвиятёбии ҳавасмандгардонии олимон дар АИД
Дар нимсолаи аввали соли 2025 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 5 санади ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
Дар ин давра 14 нафар донишҷӯёну омӯзгорони академия барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ сафарбар шудаанд. Дар ин бора ректори академияи мазкур Даврон Сафарзод 21-уми июли соли 2025 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, дар Академияи идоракунии давлатӣ 374 омӯзгори дорои унвони илмӣ фаъолият дошта, шумораи умумии донишҷӯён ва магистрантон 5092 нафарро ташкил медиҳад.
- Бо мақсади ҳавасманд гардондани олимон барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 10 000 ва докторӣ 15 000 сомонӣ тақдим мешавад, - афзуд Даврон Сафарзода.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





