https://sadoimardum.tj

Восеъ. Ба буҷет беш аз 48 миллион ворид гардид

19 авг 2025, 11:10
0

Сардори нозироти андози ноҳияи Восеъ Наврӯз Сафаров изҳор дошт, ки алҳол дар ноҳияи Восеъ 31 ҳазору 648 нафар супорандагони андоз аз молу мулк фаъолият доранд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби онҳо ба буҷет 4 миллиону 444 ҳазору 687 сомонӣ андоз пардохт гардидааст. 

 Мавсуф, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки алҳол дар ноҳияи Восеъ 6988 андозсупоранда  аз ҷумла 740 шахси ҳуқуқӣ, 489 соҳибкори инфиродӣ тибқи патент, 1025 соҳибкор тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 578 соҳибкор тибқи шаҳодатнома ва 4156 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст.   

Дар давраи зикршуда ҷиҳати маҷбуран ситонидани бақияпулиҳои қарзи андоз аз тарафи мутахассисони нозироти андози ноҳия чораҳои таъсирбахш амалӣ гардида, беш аз 1 миллиону 556 ҳазору 105 сомонӣ ба буҷет ворид гардид, ки 30 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. 

- Дар шаш моҳи соли равон 283 қарор ба маблағи 8 миллиону 789 ҳазору 200 сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб 5 миллиону 809 ҳазору 700 сомонияш ба буҷет пардохт шудааст, - гуфт Н. Сафаров.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: