https://sadoimardum.tj

Нахустқутбнамои ҳаёти ҷавонон

№:97 (4993), 21 авг 2025, 08:01
2

Ҳаёт роҳи пурпечутобест, ки инсон аз оғози ба дунё омадан то нафаси охирин онро тай мекунад. Дар ин сафари дароз ҳар як фард, бахусус ҷавонон, ки дар остонаи интихоби муҳими зиндагӣ қарор доранд, ба қутбнамои боэътимод ниёз доранд. Нахустин ва муҳимтарин раҳнамо, бешубҳа, оила аст. Оила макони муқаддасест, ки дар он пояҳои шахсияти инсон гузошта шуда, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавиаш ташаккул меёбанд.

Пеш аз он ки фарзанд қадам ба мактаб гузораду аз устод сабақ омӯзад, нахустин дарси одобу ахлоқ ва маърифатро дар оғӯши гарми хонавода мегирад. Меҳру муҳаббат ба волидон, эҳтироми калонсолон, накукорӣ ба хурдсолон, ростқавлӣ, накукирдорӣ аз муҳити солим ва тарбияти дурусти оила сар мешаванд. Падару модар бо рафтору гуфтори худ барои фарзанд намунаи ибрат аст. Беҳуда нагуфтаанд: «Фарзанд азиз аст, одобаш аз он азизтар». Ҷавоне, ки дар муҳити оилаи солим ва пур аз меҳр ба воя мерасад, дар ҷомеа низ шахси боодоб, хушахлоқ ва масъулиятшинос мешавад.

Ҷавонӣ давраи ҷустуҷӯҳо, орзуҳо, комёбиҳо ва нокомиҳост. Дар ин пастию баландиҳои зиндагӣ оила қалъаи мус­таҳкамест, ки фардро эмин медорад. Вақте ҷавон дар роҳи расидан ба ҳадаф дучори мушкилӣ мешавад, маҳз сухани гарму насиҳати падарона ва навозиши модарона ба ӯ неруи тоза мебахшад. Дастгирии оила эътимод ба худро дар дили ҷавон қавӣ гардонида, ӯро барои расидан ба қуллаҳои мурод илҳом мебахшад.

Ҳар як миллат бо забон, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои худ поянда аст. Маҳз оила василаи асосии интиқоли ин ганҷинаи бебаҳои маънавӣ аз насл ба насл мебошад. Дар хонавода ҷавонон бо таърихи ниёгон, ҷашнҳои миллӣ, урфу одатҳои мардумӣ ва арзишҳои волои инсонӣ шинос мешаванд. Эҳтироми Ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз гузаштаи пуршарафи худ аз ҳамин даргоҳи муқаддас оғоз мегардад. Ҷавоне, ки аз таъриху фарҳанги худ бохабар аст, дар ҳар ҷое бошад, ҳувияти миллии худро гум намекунад.

Яке аз вазифаҳои муҳими волидон омода кардани фарзанд ба ҳаёти мустақилона мебошад. Ин раванд на танҳо бо маслиҳату насиҳат, балки бо ҷалби фарзанд ба корҳои рӯзгор, омӯзонидани масъулиятшиносӣ ва қадр кардани заҳмати дигарон амалӣ мешавад. Машварати падару модар дар интихоби касб, роҳи дурусти истифодаи молу сарват ва бунёди оилаи солим барои ҳар як ҷавон дастури муҳимест, ки ӯро аз хато кардан эмин медорад. Маҳз дар оила ҷавон сарфаю сариштакориро омӯхта, барои бунёди ояндаи дурахшони худ замина мегузорад.

Вазифаи ҳар як ҷавони бонангу номус аст, ки қадри ин неъмати бебаҳоро донад, волидони худро эҳтиром кунад, аз панду насиҳати онҳо баҳра гирад ва кӯшиш намояд, ки бо рафтору гуфтори намуна ва комёбиҳои худ мояи ифтихори хонавода ва ҷомеа гардад, зеро ҷомеаи солим аз оилаҳои солим таркиб меёбад ва ояндаи дурахшони миллат дар дасти ҷавонони солимақлу ботарбият аст.

Фирӯза АБДУЛЛОЕВА, 

омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: