https://sadoimardum.tj

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии «Афрӯза»

№:97 (4993), 21 авг 2025, 08:02
2

15-уми августи соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти томактабии «Афрӯза»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар кӯдакистони мазкур шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 120 кӯдак дар 10 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст.

Кӯдакистони мазкур дорои синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кории маъмурият ва табибон, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, толорҳои фарҳангӣ ва варзиш мебошад, ки онҳо бо тамоми шароит таъминанд. Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон бошад, дар саҳни бино айвончаҳои тобистона ва майдончаи бозӣ бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити кӯдакистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: