Ифтитоҳи 2 майдончаи нави футбол дар Бохтар
Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бохтар ду майдончаи нави футбол ба истифода дода шуд.
Бунёди чунин майдончаҳо дар гӯшаю канори вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки шумораи ҷавонони фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ афзоиш ёфта, сатҳи иштироки онҳо дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва минтақавӣ беҳтар гардад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо ҷавонону наврасон таъкид намуд, ки машғул шудан ба варзиш на танҳо солимии ҷисмонӣ, балки пешгирии гаравидан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ низ муҳим мебошад.
Майдончаҳо бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз буда, дар онҳо барои баргузории машғулияти гуногун, аз ҷумла бозии футбол ва дигар намудҳои машқҳои ҷисмонӣ, шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





