https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкории парлумонӣ бо Ҷопон

№:106 (5002), 12 сен 2025, 17:48
0

11-уми сентябри соли 2025 мулоқоти аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон бо роҳбарии муовини раиси Кумита оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, раиси гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Ҷопон  Шарифҷон Ҳакимзода бо роҳбари корпоратсияи ҷопонии «Sansei Corporation» Наокӣ Шова  баргузор гардид. 

Ҷонибҳо зикр карданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон бар пояи эҳтирому эътимод ва боварии тарафайн асос ёфтаанд. Бо барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ барои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ заминаи мусоид фароҳам омад.

Шарифҷон Ҳакимзода равобити дуҷонибаро шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба рушди муносибатҳои Тоҷикис­тону Ҷопон дар ҳама соҳаҳо аҳамияти хоса зоҳир менамоянд.

- Маҳз дар ин замина, робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам таҳким ёфта, дар ин раванд нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон назаррас аст, - иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин дигар маводҳо: