Боздиди ҳайати парламентии Россия аз бинои нави парламенти Тоҷикистон
10-уми сентябри соли 2025 ҳайати парламентии Федератсияи Россия бо роҳбари муовини раиси Кумита оид ба мудофиаи Думаи давлатии Федератсияи Россия Юрий Швиткин аз бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар ин замина, вохӯрии ҳайати мазкур бо ҳайати Маҷлиси намояндагон Маҳмадшоҳ Гулзода, Насрулло Маҳмудзода, Рустам Шоҳмурод ва Барно Саидвализода доир шуд.
Зимни мулоқот аз ҷумла, зикр шуд, ки робитаҳои қавии кишварҳоямон аз пайвандҳои ҳамзистӣ, таърихи муштарак ва муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сарчашма мегиранд.
- Дар ин зимн, муносибатҳои байнипарламентӣ низ мунтазам густариш ёфта, ба рушду таҳкими равобит дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, маънавиёт, иҷтимоиёт, сайёҳӣ, варзиш ва ғайра заминаи устувор гузоштанд. Ҳоло беш аз 80 шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақими тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ доранд, - изҳор намуд ҷониби кишвари мо.
Дар фарҷом ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба рушди ҳамкориҳои судманд, таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





