Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи КД АПОИРУ
16-уми сентябри соли 2025 раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳаммадулло Шерализода ва оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Муҳаммад Шодиён дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор, ки дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари гурӯҳи ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадулло Шерализода иброз намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти тағйирёбии иқлим ва зарурати амал кардан дар як шакли ҳамоҳанг ва глобалиро ба таври қатъӣ эътироф кардааст. Равшан аст, ки тағйирёбии иқлим ба равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии кишварҳои ҷаҳон таъсири бевосита дорад.
- Кишвари мо барои амалӣ намудани муқаррарот ва қарорҳои маҷлисҳои даврии Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар Тоҷикистон заминаи қонунгузорӣ ва институтсионалии амалҳое, ки ба ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд, фароҳам гардида, айни замон дар соҳаи экология зиёда аз бист қонун қабул гардидааст.
4 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бо тарафдории 153 кишвари узв қабул намуд. Ин яке аз қатъномаҳои нодир аст, зеро он ҳам эълон кардани Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро дар бар мегирад. Ин пешниҳодҳо, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои об, иқлим ва пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, идоракунии оқибатҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дахл дошта, дар маҷмуъ, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, энергетика, идоракунии захираҳои об, таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо, мусоидат мекунанд, - зикр кард ҷониби Тоҷикистон.
Муҳаммадулло Шерализода, ҳамчунин, таъкид намуд, ки ҳамкории байни парлумонҳо оид ба масъалаҳои кумаки байналмилалӣ ва сармоягузорӣ на танҳо соҳаҳои иқтисодиро таҳким мебахшад, балки ба ҳалли самараноки мушкилоти иҷтимоӣ ва экологӣ мусоидат мекунад.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





