https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:110 (5006) 22 сен 2025, 08:45
6

21-уми сентябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Симонян Ален Робертович номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Ален Робертович,

Шуморо бо иди миллӣ – Рӯзи Истиқлолият табрик мегӯям.

Мо ба робитаҳои созандаи байнипарламентии кишварҳоямон баҳои баланд дода, итминон дорем, ки рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳоямон мусоидат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Ален Робертович, саломатии қавӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ муваффақият ва ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».

 www.majmilli.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: