Таваҷҷуҳ, озмун!
Дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, экология ва ҳифзи пиряхҳо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният» эълон менамояд.
Озмун аз се номинатсия: мақолаи беҳтарини илмӣ-оммавӣ, филму барномаҳои беҳтарини телевизионию радиоӣ ва мусаввараи беҳтарин иборат буда, қабули мавод ба озмун аз 1-уми октябри соли равон оғоз мешавад ва 1-уми майи соли 2026 анҷом меёбад.
Озмун дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист – 5-уми июн натиҷагирӣ шуда, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда мешаванд.
Барои иштирокчиёни фаъол низ туҳфаҳои хотиравӣ пешбинӣ шудааст.
Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд ҷараёни татбиқи силсилаи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи миллӣ ва байналмилалии кишвари мо: «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040»-ро инъикос намоянд.
Довталабон бояд мақола, барномаву филмҳои радиоию телевизионӣ ва аксу мусаввараҳоро дар хусуси масоили обшавии пиряхҳо, ҳифзи ҳавои атмосфера ва манбаъҳои об, кам кардани газҳои гулхонаӣ, татбиқи рукнҳои иқтисоди «сабз», иқтисоди «рақамӣ» ва иқтисоди «даврӣ», мавзуъҳои дигари вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки дар воситаҳои ахбори омма интишор менамоянд, ба комиссияи озмун пешниҳод намоянд.
Барои довталабони озмун аз лиҳози касбу кор ва синну сол маҳдудият вуҷуд надорад. Дар озмун намояндагони касбу кори гуногун, олимону мутахассисон, муҳаққиқону пажӯҳишгарон, коршиносону рӯзноманигорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, гурӯҳҳои эҷодӣ ва шахсони ҳуқуқӣ иштирок карда метавонанд.
Довталабон аз рӯи номинатсияҳои озмун бо пешниҳоди танҳо як мавод метавонанд ҳуҷҷат супоранд ва иштирокчии озмун гарданд.
Мавод ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ё англисӣ қабул карда мешаванд.
Довталаби озмун бо пешниҳоди ариза ба унвонии комиссия бо зикри ному насаб, ҷойи кору таҳсил, суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ ва замимаи маводи дахлдор аз рӯи номинатсияи мушаххаси озмун метавонад иштирок намояд.
Довталабон бояд маводи хешро пас аз нашр дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба почтаи электронии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - e.commission@mail.ru ва нусхаи аслиро ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42, равон намоянд.
Довталабон метавонанд маълумоти бештарро доир ба шартҳои иштирок дар озмун аз сомонаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - https://egov.tj/site/parlament-tj, рӯзномаи «Садои мардум» - www.sadoimardum.tj, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - www.tajnature.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дастрас намоянд.
Комиссияи озмун
НИЗОМНОМА
оид ба тартиби гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният»
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024, вобаста ба қабул гардидани қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025 - 2034», инчунин ҷиҳати татбиқи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» Озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд - Озмун) дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» баргузор мегардад.
2. Озмун бо мақсади ҷалби олимону мутахассисон, муҳаққиқону пажӯҳишгарон, коршиносону рӯзноманигорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гуруҳҳои эҷодӣ ба омӯзиши масъалаҳои обшавии пиряхҳо ва ҳифзи манбаъҳои об, тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ, хушксолӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.
3. Масъулони баргузории Озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Нашрияи расмии Маҷлиси Олӣ – рӯзномаи «Садои мардум» барои инъикоси Озмун масъул мегардад.
2. КОМИССИЯИ ОЗМУН
4. Ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» (минбаъд - Комиссия) бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5. Масъулони Озмун метавонанд барои таъмини шаффофият мутахассисони соҳаҳои дигарро ба Комиссия ҷалб менамояд.
6. Салоҳияти Комиссия
- омӯзиш ва арзёбии маводи ба Озмун пешниҳодшуда;
- тасдиқ ва пешниҳоди хулосаи Комиссия оид ба муайян намудани ғолибону фаъолони Озмун ба Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. ТАРТИБИ БАРГУЗОР НАМУДАНИ ОЗМУН
7. Озмун дар як давр аз 1-уми октябри соли 2025 то 1-уми майи соли 2026 гузаронда мешавад. Дар Озмун аз рӯи номинатсияҳо ҷойи якум - як ҷой, ҷойи дуюм - 2 ҷой (аз ҷумла як ҷой барои хонандагону донишҷӯён) ва ҷойи сеюм - 3 ҷой (аз ҷумла як ҷой барои хонандагону донишҷӯён) муайян карда мешаванд.
8. Иштирокчиёни Озмун метавонанд аз рӯи номинатсияҳо, ки дар банди 9 Низомнома муйаян гардидаанд ва мутобиқ ба талаботи банди 4.5.-и Низомнома ҳуҷҷат ва дигар маводи дахлдорро ба Комиссия пешниҳод намоянд.
9. Номинатсияҳои Озмун:
- мақолаи беҳтарини илмию оммавӣ (сиёсиву ҳуқуқӣ, адабию публитсистӣ);
- филму барномаҳои беҳтарини телевизионию радиоӣ (барнома ва лавҳаҳои телевизионию радиоӣ, наворҳои ҷолиби сайёҳии ҳавасакорона);
- мусаввараи беҳтарин (расм, акс бо ҳуқуқи муаллифӣ ва макет).
Дар рафти Озмун номинатсияҳо бо пешниҳоди ташкилкунандагон ва аъзои Комиссия кам ва зиёд карда мешаванд.
4. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
10. Барои довталабони Озмун аз лиҳози касбу кор ва синну сол ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Дар Озмун намояндагони касбу кори гуногун, олимону мутахассисон, муҳаққиқону пажуҳишгарон, коршиносону рӯзноманигорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, гурӯҳҳои эҷодӣ ва шахсони ҳуқуқӣ иштирок карда метавонанд.
11. Довталаб аз рӯи номинатсияи Озмун бо пешниҳоди танҳо як мавод метавонад ҳуҷҷат супорад ва иштирокчии Озмун гардад. Мавод бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ё англисӣ қабул карда мешаванд.
12. Довталаби Озмун ба унвонии Комиссия бо пешниҳоди ариза бо зикри ному насаб, ҷойи кору таҳсил, суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ ва замимаи маводи дахлдор аз рӯи номинатсияи Озмун иштирок менамояд. Маводи замимавӣ дар варақаи андозааш А4 (барои аксу расмҳо то формати А2) қабул карда мешаванд. Филму барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ набояд аз 20 дақиқа зиёд бошанд.
13. Довталабон бояд маводи хешро пас аз нашр дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ба почтаи электронии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон - e.commission@mail.ru ва нусхаи аслиро ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42, равон намоянд.
14. Маводи ба Озмун пешниҳодшуда ба муаллифон баргардонда намешаванд.
15. Маводи интишоршуда бояд масъалаҳои обшавии пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи экосистемаҳои табиат ва дар умум зуҳуроти тағйирёбии иқлимро инъикос намоянд:
- обшавии пиряхҳо ва пайомадҳои он дар Тоҷикистон;
- таъсири обшавии пиряхҳо ба сифати оби нӯшокӣ;
- таъсири обшавии пиряхҳо ба соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва тандурустӣ;
- вобастагии ҳифзи пиряхҳо ба истифодаи манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия (офтоб, шамол, чашмаҳои гарм);
- технологияи муосири истифодаи сарфакоронаи захираҳои об;
- ҳолатҳои таъсири гармшавии иқлим ба пиряхҳо ва роҳҳои пешгирии он;
- татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз», иқтисоди «рақамӣ» ва «иқтисоди даврӣ» дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ;
- нақши технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, дар ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо;
- вусъат бахшидани тадбирҳои сабзкорӣ ва хуррамгардонӣ ҳамчун омили пешгирии обшавии пиряхҳо.
5. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
16. Аъзои Комиссия ҳангоми баррасии матлаби Озмун моҳият, мазмун, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида ва мувофиқати он ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ба чоп расидани он дар нашрияҳои маҳаллӣ (шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ), соҳавӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, инчунин навгонӣ, тарзи пешниҳоди ҷолиби масъаларо ба инобат мегиранд.
17. Ғолибони Озмун баъди омӯзиши пурра бо овоздиҳии аз нисф зиёди аъзои Комиссия ба тарафдории номзадҳо муайян карда мешаванд.
18. Масъулони Озмун метавонанд барои шаффофият ва арзёбии ғолибон аз рӯи номинатсияҳо мутахассисони соҳаҳои дигарро ҷалб созанд.
19. Комиссия ҷаласаи ҷамъбастиро дар муҳлати як моҳ баъд аз анҷоми Озмун доир намуда, натиҷаи онро барои тасдиқ ба Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
6. МУКОФОТОНИДАНИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
20. Ғолибони Озмун дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломҳои дараҷаи I, II, III ва туҳфаҳои молиявию хотиравӣ сарфароз гардонда мешаванд.
21. Иштирокчиёни фаъоли Озмун, ки маводи онҳо аз ҷониби Комиссия хуб арзёбӣ мегарданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
22. Маросими қадрдонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмун дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист, яъне 5 июни соли 2026, доир мегардад.
23. Аз натиҷаи ҷамъбасти Озмун дар сомонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.parlament.tj, дар рӯзномаи «Садои мардум», www.sadoimardum.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иттилоъ нашр карда мешавад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





