Таваҷҷуҳ, озмун!
Дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, экология ва ҳифзи пиряхҳо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният» эълон менамояд.
Озмун аз се номинатсия: мақолаи беҳтарини илмӣ-оммавӣ, филму барномаҳои беҳтарини телевизионию радиоӣ ва мусаввараи беҳтарин иборат буда, қабули мавод ба озмун аз 1-уми октябри соли 2025 то 1-уми майи соли 2026 идома дорад.
Озмун дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист – 5-уми июн натиҷагирӣ шуда, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда мешаванд.
Барои иштирокчиёни фаъол низ туҳфаҳои хотиравӣ пешбинӣ шудааст.
Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд ҷараёни татбиқи силсилаи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи миллӣ ва байналмилалии кишвари мо: «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040»-ро инъикос намоянд.
Довталабон бояд мақола, барномаву филмҳои радиоию телевизионӣ ва аксу мусаввараҳоро дар хусуси масоили обшавии пиряхҳо, ҳифзи ҳавои атмосфера ва манбаъҳои об, кам кардани газҳои гулхонаӣ, татбиқи рукнҳои иқтисоди «сабз», иқтисоди «рақамӣ» ва иқтисоди «даврӣ», мавзуъҳои дигари вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки дар воситаҳои ахбори омма интишор менамоянд, ба комиссияи озмун пешниҳод намоянд.
Барои довталабони озмун аз лиҳози касбу кор ва синну сол маҳдудият вуҷуд надорад. Дар озмун намояндагони касбу кори гуногун, олимону мутахассисон, муҳаққиқону пажуҳишгарон, коршиносону рӯзноманигорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, гурӯҳҳои эҷодӣ ва шахсони ҳуқуқӣ иштирок карда метавонанд.
Довталабон аз рӯи номинатсияҳои озмун бо пешниҳоди танҳо як мавод метавонанд ҳуҷҷат супоранд ва иштирокчии озмун гарданд.
Мавод ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ё англисӣ қабул карда мешаванд.
Довталаби озмун бо пешниҳоди ариза ба унвонии комиссия бо зикри ному насаб, ҷойи кору таҳсил, суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ ва замимаи маводи дахлдор аз рӯи номинатсияи мушаххаси озмун метавонад иштирок намояд.
Довталабон бояд маводи хешро пас аз нашр дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба почтаи электронии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - e.commission@mail.ru ва нусхаи аслиро ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42, равон намоянд.
Довталабон метавонанд маълумоти бештарро доир ба шартҳои иштирок дар озмун аз сомонаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - https://egov.tj/site/parlament-tj, рӯзномаи «Садои мардум» - www.sadoimardum.tj, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - www.tajnature.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дастрас намоянд.
Комиссияи озмун
Ҳамчунин дигар маводҳо:
