Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

14 май 2025, 10:26
17

 14 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» ба дастгирии давлатии сармоягузорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона гардидааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгарии ҷиноятиро барои дар шабакҳои иҷтимоӣ гузоштани лайк ё дигар аломат бекор мекунад.

Қонунҳои баимзорасида барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани зиндагии мардум мусоидат менамоянд.

Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: