Дар Дӯстӣ корхонаи истеҳсоли шифер ифтитоҳ мешавад
Дар деҳоти Ҷилликули ноҳияи Дӯстӣ сохтмони корхонаи истеҳсоли шиферҳои азбестии ҶДММ «Манзараҳои Вахш» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Тавре аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд, ин корхонаи муҳими саноатӣ бо маблағи 7 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи он беш аз 685 ҳазор дона шиферро дар бар мегирад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аввали соли равон оғоз гардида, дар масоҳати 0,45 гектар бунёд хоҳад шуд.
Корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, баъди баҳрабардорӣ дар он 45 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт.
Масъулин нақша доранд, ки оянда дар корхона истеҳсоли лӯлаҳои обгузари гуногунқутрро низ ба роҳ монанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
23-юми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тасдиқ карда
