https://sadoimardum.tj

«Замон ва сиёсати миллӣ: таҷриба, дастовардҳо ва дурнамо»

№:112 (5008) 26 сен 2025, 23:40
2

Бо ҳамин ном 25-уми сентябри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши вакилзанони ҷумҳурӣ доир шуд.

Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, вакилзанони Маҷлиси намояндагон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Зикр гардид, ки дар сиёсати миллии мо, ки бар пояи ғояҳои созандагӣ, ваҳдат ва адолати иҷтимоӣ устувор аст, ҳамеша занон мавқеи хоса доранд. Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо ҳидояту пуштибониҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон  ба таҳкими нақши занон дар ҷомеа, махсусан, дар арсаи сиёсӣ, аҳамияти хоса зоҳир мегардад.

Мақсад аз баргузории ҳамоиш баррасии масъалаҳо вобаста ба нақш ва саҳми занон дар раванди сиёсии кишвар, таҳким ва густариши демократия, баланд бардоштани мавқеи занон дар идоракунии давлатӣ, омода намудани занону духтарони лаёқатманд ҳамчун чеҳраи муваффақи сиёсӣ ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ шуд. 

Ҳамоиши мазкур минбаре барои мубодилаи таҷриба, таҳлили мушкилот ва дарёфти роҳҳои нав барои густариши ҳузури занон дар сиёсату идоракунӣ буда, ба пешрафти ҷомеа ва таҳкими нақши занон дар давлатдорӣ, рушди иқдомҳои созанда ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар интиҳои ҳамоиш   як гурӯҳ вакилзанони Маҷлиси намояндагон - аъзои фаъоли ҲХДТ бо медалҳои ҷашнии 30-солагии ҲХДТ сарфароз шуданд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.

Суратгир Неъматулло Алиев

Ҳамчунин дигар маводҳо: