Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд
Бисту шашуми сентябри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар иҷлосия тибқи рӯзномаи он нахуст масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба он ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар баробари омода намудани инфрасохтори пойтахт ба давраи зимистон, инчунин, корҳоро дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва иншооти коммуналию хизматрасонӣ тақвият бахшида, барои бо нишондиҳандаҳои муносиб ҷамъбаст намудани рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр тамоми имконият сафарбар карда шавад.
Вакилон дар идома ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро муҳокима намуданд. Вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҳама қишри ҷомеа тақвият бахшанд.
Дар идома вакилон «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро муҳокима намуданд. Дар ин хусус гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи томактабӣ, бедор намудани завқи кӯдакон ба хониш ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин, ҷиҳати сохта ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар маҳаллаҳои сераҳолӣ ва таъмин намудани муассисаҳо бо адабиёти бадеӣ ва маводи таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба масъулин дастурҳо дода шуд.
Вакилон, ҳамчунин, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва кулли иштирокдоронро ба хизмати содиқона барои рушду нумуи пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе даъват намуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





