https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Марат Хуснулин

№:121 (5017) 10 окт 2025, 16:43
0

9-уми октябри соли 2025 дар ҳошияи чорабиниҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Хуснулин мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Рушди бемайлони робитаҳои байнипарламентии ду кишвар зикр гардид.

Ба масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Россия, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башардӯстӣ ва нақши назарраси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин раванд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

www.majmilli.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: