Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо

№130 (3767) 04.11.2017

DSC_81143 ноябри соли 2017 ­Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупоро, ки таҳти роҳбарии хонум Ивета Григули барои иштирок дар ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки сафари мазкур дар рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баҳри татбиқи барномаҳои муштарак бо Иттиҳоди Аврупо тавассути фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқию роҳандозии неруи парламентарҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб самараи нек хоҳад дод.

Дарёфти роҳу усулҳои нави истифода аз имкониятҳои мавҷударо ҷонибҳо бо мақсади боз ҳам тавсеаю тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои афзалиятнок бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мувофиқ ба мақсад шумориданд.

Ҳамчунин, масоили осебпазир гардидани амният ва суботу ҳамзистии осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти таъсири раванд­ҳои номатлуби ҷаҳони пуртазоди муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва саҳми дастаҷамъонаи ­ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

DSC_8107Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи дархости вакилони Иттиҳоди Аврупо, ки аз кишварҳои Белгия, Булғория, Латвия, Олмон ва Лаҳистон намояндагӣ мекарданд, роҷеъ ба ҷанбаҳои мушаххаси институти қонунгузории кишвар, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, амнияти минтақа, ҳалли масъалаҳои гендерӣ, зӯроварӣ дар оила, баррасии арзу муроҷиати шаҳрвандон, шароиту ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, зарурати дар сатҳи қонунгузорӣ ба танзим даровардани ҷашну маросими миллӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди таҳияи пешниҳодҳо оид ба қонунэҷодкунӣ, тавсеаи пайвастаи ҳамкорӣ бо Иттиҳод ва Парламенти Аврупо ибрози назар намуданд.

Хонум Ивета Григули барои пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, бо қаноатмандӣ омодагии Парлумони Аврупоро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои зикршуда таъкид намуд.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки идомаи сафари ҳайатҳои парлумонӣ дар тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба нақши муассир хоҳанд гузошт.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма