Чанде пеш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Лухчи деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз перомуни «Эҳёи давлатдории миллӣ дар асарҳои доктори илмҳои ҳуқуқ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода» чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Дар он директори муассиса Умархӯҷа Шарифов, раиси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маорифи ноҳия Сайдисҳоқ Музаффаров, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шарифбек Азизӣ, капитани милитсия Наимҷон Шарифзода, омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқ Талабшо Азизов ва дигарон маърӯза карда, муҳтавои асарҳои намояндаи мардумро шарҳ доданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Ҷӯрахон Маҷидзода тӯли 35 соли фаъолият ба муваффақиятҳои қобили мулоҳиза ноил гардида, заҳмати ҳалол ва нияти неку азми қавӣ ӯро аз нозири одӣ то генерал-майори милитсия расонид. Илова бар ин, ӯ ба корҳои илмӣ машғул шуда, дар бахши ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, таърихи назарияи ҳуқуқ тадқиқот бурдааст. Самараи пажӯҳиши ӯ 30 монография ва зиёда аз 100 асари илмӣ мебошад.
Маърӯзачиён таъкид карданд, ки дар ҷаҳони муосир зуҳури неруҳои тахрибкор, паҳн намудани ғояҳои тундгаройӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва зуҳуроти дигари номатлуб тамоюли афзоишро касб намудаанд. Биноан, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди хурофот нагарданд, кӯшиш намоянд ҳамқадами замон бошанду ҷаҳонбинии хешро мунтазам такмил диҳанд.
Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтааст, ки китобҳои профессор Ҷӯрахон Маҷидзодаро зимни дарсҳои таъриху ҳуқуқ васеъ истифода намуда, устодону хонандагон дар заминаи онҳо реферату маърӯза ва мақолаҳо иншо намоянд.
Умархӯҷа ШАРИФОВ, директори МТМУ №15, Талабшо АЗИЗОВ, муовини директор оид ба таълими МТМУ №15-и ноҳияи Дарвоз