Ба мо муроҷиат мекунанд

Ҳам обуна ва ҳам табобат

№11 (3805) 27.01.2018

ЧЕХРАШахсоне, ки ба маҷаллаи фарҳангӣ, фароғатӣ ва рекламавии «Чеҳра» барои соли 2018 обуна мешаванд, барояшон дар Беморхонаи хусусии рақами 25, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, табобати ройгони бемориҳои асаб, диабет, саратони ҷигар, талха, гурда, амрози занона ва бемориҳои мардона пешниҳод ва ба чопи навиштаҳояшон бартарӣ дода мешавад.

Дар ин бора сармуҳаррири маҷалла Наргис Комилова иттилоъ дода, афзуд, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ онҳоро ҳидоят намудааст, ки барои сиҳатии мардум низ саҳмгузор бошанд.

- Зеро кайҳо вақти он расидааст, ки рӯ ба гиёҳ­дармонӣ орем, чунки  дар кӯҳистони мамлакат беш аз 3500 навъ гиёҳи шифобахш мерӯяд, ки ба садҳо дард дармонанд, — мегӯяд Наргис Комилова.

Нархи солонаи обуна ба «Чеҳра» 240 сомонӣ буда, хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи он — шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, ошёнаи 12 муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос 900-09-14-82, 939-24-48-88 ва 238-55-59.

 «Садои мардум»