Солҳои 2019 - 2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Дасти бисёрӣ гул аст

№34 (3984) 30.03.2019

DSC06050Бо қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 16 январи соли 2019 бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Беҳтарин маҳалли аҳолинишин» озмун эълон гардидааст.

Дар  рафти он нишондиҳандаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ, ҳолати таҳияву риояи нақшаи генералии маҳалла, ободонию кабудизоркунии маҳалла, вазъи муҳити зист, истифодаи замини наздиҳавлигӣ, вазъи кишти зироат ва парвариши он, тозагии ҷӯйбору заҳбурҳо, мавҷудияти партовҷой дар маҳалла, бунёди  муассисаҳои таълимӣ ва ғайра ба инобат гирифта мешаванд.

Сокинони деҳаи Муъминободи деҳоти «Деҳқонобод» бо истифода аз рӯзҳои офтобии моҳи март як қатор корҳои ободониро анҷом доданд. Тибқи иттилои раиси маҳаллаи  деҳа Абдулмаҷид Муъминов, то ин дам дарё ва ҷӯйборҳои деҳа тоза карда шуда, аксари онҳо бетонпӯш гардиданд. Оромгоҳи деҳа ба тартиб  дароварда шуда, атрофи он ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонда шуд.

- Аз баракати аҳлу муттаҳид будани сокинони деҳа симои он  торафт зебо шуда истодааст. Дар ҷашни 3000- солагии Ҳисор Муъминобод беҳтарин деҳаи шаҳр эътироф шуда буд. Бо ин азми қавие, ки сокинони деҳа доранд, умед аст, ки боз яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол хоҳанд кард, — мегӯяд муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Деҳқонобод» Салоҳиддин Абдуллоев.

Аҳли деҳа мақсад доранд, ки бо кумаки соҳибкорон ва аз тариқи ҳашар роҳи марказии деҳаро хушсифат таъмир намуда, боғу гулгашт бунёд кунанд. Дар урфият мегӯянд, ки «дасти бисёрӣ гул аст». Ҳар куҷое якдилию  муттаҳидӣ бошад, он ҷо обод хоҳад шуд.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»