Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар Суғд оғоз ёфт

№101 (3738) 24.08.2017

21 августи соли ҷорӣ ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд оғоз ёфт.

Зиёда аз 800 нафар меҳмонро, ки бо роҳбарии муовини якуми раиси ВМКБ Нуралӣ Риоев ташриф оварда буданд,  дар баромади қисми шимолии нақби «Истиқлол», дар ноҳияи Айнӣ, масъулини вилоят ва намояндагони аҳли ҷомеаи  шаҳру ноҳияҳо бо нону намак ва садои мутантани карнай, гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд.

Тибқи барномаи сафар меҳмонон таи шаш рӯз бо корхонаҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию таърихӣ,  дастовардҳои меҳнаткашони вилояти Суғд ошно хоҳанд шуд.

 М. Мақсудов, «Садои мардум»