Қалъаи номус

№140 (4246) 16.11.2020

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба рағми чашмҳои бемурувват дар набарди умр

Ба паҳнои сиёсат орамидан кори осон нест.

Шукӯҳу шаъни Меҳан, вусъати сарсабзии даврон

Ба дӯши хеш бигрифтан ба ҳар кас бори осон нест.

Фурӯғи тоҷи миллатро ба дунё кардаӣ эҳё,

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 Чӣ сон бар даст овардан дили ваҳдатқимобонро,

Чӣ сон дар гуфтугӯ пайванд кардан фикри печонро?

Чӣ сон дар банди мушкил раҳ кушодан кори осонро,

Чӣ сон дар маҳзари нокомӣ одат кардани ҷонро? –

На ҳар кас мекунад ҳис,

На ба ҳар ақле бувад ташхис.

Хамӯширо ба гӯши зиндагонӣ кардаӣ ово,

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 Ба рӯи минбари таърих ҷавлон мекунад даъво,

Ки «ин» аст «он»,

Ки «он» аст «ин»,

Ки «ин» болову «он» поин!

Ба лаҳне нест оҳанги мурувватхоҳию таҳсин,

Ҳама дар банди озоранду бозоранд,

Ҳама дар киштии бишкастаи тӯфони афкоранд.

Ба чашми бастаи мавридшиносӣ, эй сари боло,

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 Раҳи тақдирро тадбиргар яктост,

Касе, ки аз назар нек аст, побарҷост.

Ҳар он чӣ мешавад аз ғайр бар мо аз қиболи мост,

Зи каҷ каҷ мерасад, аз рост, бешак, рост.

Дар ин дору мадоро, эй камоли ҳастии маъво,

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 Тавоно нест он кас, гар набишносад тавоноӣ,

Муросо нест дар аслаш, агар бошад мадороӣ.

Ба қадри Меҳан он кас мерасад, ки ҳаст таҳҷоӣ,

Ба тоҷик аст расми худшиносӣ, расми бобоӣ.

Чӣ хуш гуфтиву аз ин роҳ бояд гуфт,

Ба гӯши кӯрақлон аз азоби чоҳ бояд гуфт.

Ба раҳгумкардагон аз маънии ҳамроҳ бояд гуфт,

Ватанбегонаро аз дарду сӯзу оҳ бояд гуфт,

Ба огоҳ аз хатои марди ноогоҳ бояд гуфт

Ҳама ин гуфтаро ҳар субҳу ҳар бегоҳ бояд гуфт,

Ба ҳар фаслу ба ҳар васли сиёсат, бар Ватан шайдо,

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 Кӣ бар дасти ятимон медиҳад дасти муҳаббатро?

Кӣ бо бечорагон сад шукр гӯяд дарди қисматро?

Кӣ охир дарди худ гӯяд ҳама армони миллатро,

Кӣ дармон мешавад баҳри Ватан сад ранҷу иллатро?

Шарафро дар баҳои ҷону тан парчам намудан чист?

Ба рағми номуродиҳо

Сипар бо синаи пурмеҳр будан чист?

Дари уммедро бар душмани ҷонат кушудан чист?

Бувад болотар аз сад қаҳрамонӣ ин ҳама маъно,

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 

Ба ноҳамворие паймудани роҳи вафо аҳд аст,

Ки фатҳи қуллаи мақсуд аз ҷаҳд аст.

На ҳар дил аз фишори меҳр дар аҳди ватандорист,

На ҳар эҳсос дар ҷаҳди ватандорист.

Ватандории ту бас тоҷи имон аст,

Ватандории ту пайванд бо ҷон аст.

Раҳат ибратқарини роҳи дилҳо бод,

Зиҳӣ, эй шаҳчинори олами иршод,

Ки дар чашми сиёсат, эй сиёсатпешаи ваҳё,

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 Рақиб аз номуродиҳои қавли хеш дилгир аст,

Камони дарку эҳсосаш, ки бе тир аст,

Раҳи паймудаи илмаш, ки бе пир аст,

Таҳаммулро пазиро кай тавонад кард?

Таҳаммул бошад охир дар парешонӣ камоли мард.

Ҳақиқатро чӣ сон афсона пиндорад,

Ки ин бошад заволи мард?

Дар ин худношиносӣ, эй дабири нусрати фардо,

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 Касе, ки ҳамрагу ҳамхуни Меҳан шуд,

Ба дарки меҳр агар Қоруни Меҳан шуд,

Ба роҳи ишқ агар Маҷнуни Меҳан шуд,

Ватан дар хуни ӯ бошад,

Ватан дар олами ганҷинаи Қоруни ӯ бошад,

Ватан сад қалъа имон асту

Имон қалъаи Маҷнуни ӯ бошад.

Дар ин дорулқиёси маҳзари пайдову бепаҳно

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 

Ба лафзи бебақо ҳарфи Ватан омӯхтан ҳайф аст,

Нигаҳро бар висоли туршрӯён дӯхтан ҳайф аст.

Миёни анҷуман шамъе

Ба ёди ғофил аз ёди Ватан афрӯхтан ҳайф аст,

Ба ҳар оташ, ки қадри хас надорад, сӯхтан ҳайф аст.

Сухан ҳайф аст бар он кас, ки аз худ рафтаву дигар

Надорад хотири қадри сухан дар сар.

Ватан ҳайф аст бар он кас, ки меҳри дил

Ба ҳар «чуну чаро»-ҳо мекунад ботил.

Бувад сад ҳайф ёд овардани номи касе, ки ранҷ нодида,

Даҳан во карда «ман» гӯяд,

Сари минбар ба доми бесарӣ аз анҷуман гӯяд.

Ту, эй ҷӯяндаи гумкардаҳои Меҳани пайдо,

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 Касе, ки зам накарда хишт бар хиште,

Ба ҳар ҷо мезанад лофи ватандорӣ,

Надорад дар дил инсофи ватандорӣ.

Касе, ки даст н-афшонду бихӯрд аз ҳосили киште,

Надорад раҳ ба аърофи ватандорӣ.

Ватан ҳам оҳ дорад, оҳи он пурдарду пурсӯз аст,

Ватан ҳам дар шукуфтан оини айёми наврӯз аст.

Ватан дар шаб Ватан,

Шаб дар Ватан рӯз аст.

Ту, эй ифшогари рози Ватан бар мо

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

 Раҳи фархундагиву сарбаландӣ аст роҳи мо,

Раҳи уммеди мушкилнописандӣ аст роҳи мо.

Мақому манзалат андар баландӣ аст роҳи мо,

Заволу сарнагуни мустамандӣ аст роҳи мо.

Ватан бо мову мо ҳам бо Ватан пайванд,

Ватан бо мову мо ҳам бо Ватан дилбанд.

Зиҳӣ, эй Сарвари воло,

Ки ин миллат туӣ, Меҳан туӣ,

Эй қалъаи номуси побарҷо,

Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!

Давлат САФАР