Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро…

№№7(3644) 24.01.2017

насосМан чанд маротиба ба ин макони нообод, ки дар минтақаи ҷанубии доманакӯҳи деҳоти ба номи Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, ҳамшафат бо марзи шаҳри Турсунзода аст, рафта будам. Замони шӯравӣ аз ин ҷо канали сеюм мегузашт ва заминҳои атроф киштзор буд. Мутаассифона, солҳои баъдӣ канали сеюм бо сабаби аз кор мондани пойгоҳҳои обкашӣ тамоман аз фаъолият монду дар канали дуюм аҳён-аҳён об меояд. Майдони зиёди заминҳои обӣ беобу камсамар шуданд. Боғот оҳиста-оҳиста хушк гардида, фақат ғалла коридан мумкин шуду халос.

Чанд бор кӯшишҳои боз обшор намудани ин мавзеъ буд. Аз ҷумла, якчанд сол пеш, вақти раиси хоҷагии ба номи Меликмуродов будани шодравон Наҷмиддин Аюбов дар мавзеи деҳаи Мулло Шодӣ ва маркази хоҷагӣ ду пойгоҳи обкашӣ бунёд ёфта, масоҳати зиёди заминҳо дубора обшор шуданд. Мутаассифона, мавқеи ҷуғрофии маҳал чунин аст, ки оби кашидаи пойгоҳҳо ба масофаи на чандон дур меравад, зеро каналҳо ҳам аз асари боронҳои зиёди сел хароб гаштаанд.

Чанде пеш маро ба ин мавзеъ як ҷавони соҳибкор бурд. Абдусаттор Остонаев — сокини ҳамин маҳал. Шахсе, ки бо аҳли оила беш аз шаш гектар замини обӣ ва беш аз 15 гектар замин дар мавзеи беоб доранд.

Абдусаттор маро аввал ба назди канали якум бурда, пойгоҳи обкашии бунёдкардаашро нишон дод. Баъд якҷо ба сари замини беоб рафтем. Ҳосили ғалла ғундошта, трактор замини серсангро нарм мекард.

- Поён палаки харбузаю тарбуз ва ин ҷо киштзори ҷуворимакка барои дон мешавад, — гуфт ӯ бо боварӣ.

- Об мерасад, насосро кор фармудед? – пурсидам ман.

- Умед дорем, ки мерасад, на танҳо ба беш аз 20 гектар замин, инчунин ба беш аз 30 хонаводаи деҳа низ. То тавони имкон маслиҳат додему баргаштем.

Чанде қабл ӯ пайғоми омода шудани пойгоҳи обкаширо расонид. Абдусаттор иттилоъ дод, ки пойгоҳ аз обанбор беш аз як километр дур асту бо лӯлаҳои полиэтиленӣ об то ба сари замин кашида шуд.

Як гурӯҳ ба сари канали собиқ, ки имрӯз як қисми он обанбор аст, рафтем. Манзараи аҷиб: боло талу теппаҳои урён, поён қитъаҳои аз ҳосил холишуда ва байн баҳри кӯчаки нуқрафом. Аз зери замин ҷӯе ин ҷо ҷорӣ аст. Раиси ноҳия ва дигар меҳмонон ба назди дастгоҳи обкушоӣ омада, онро фаъол намуданд. Ҳама аз хурсандӣ меболанд, зеро ин деҳ пуроб ва обод мешавад.

Раиси ноҳия Нусратулло Аюбзода ба Абдусаттор Остонаев, аҳли оила ва ҳамкоронаш изҳори миннатдорӣ карда, таманнои онро намуд, ки чунин соҳибкорони хайрандеш зиёд гарданд.

Оре, хайрандеш аст Абдусаттор.  Соҳиби маълумоти олии техникӣ буда, деҳқонзода аст, қадри обу заминро медонад. Гӯё шоир ин мисраъҳоро ба ӯ бахшидааст:

Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро,

Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ ёдгорӣ мешавад.

 Ҳикматулло Сатторов, рӯзноманигор