Аз эҷоди бонувон

№30-31 (4292-4293) 06.03.2021

БАҲОР ОМАД

Баҳор омад, баҳор омад, замири замҳарири ман,

Фақат аз ишқ бинвисад кунун ҳарфи мунири ман.

Агарчи мунзавиям, дур аз хуршед бо борон,

Ҳама донанд шахси офтобии шаҳири ман.

Худоро шукр мегӯям, ки дар оина гул руид,

Худоро шукр мегӯям, баҳори беназири ман.

Дилам бигзашт аз беҳудаҳо яъне зи хору хас

Саодат мерасад бар орзуи мунтазири ман.

Нахустин шеър дар рӯзи нахусти навбаҳор инак,

Ба табрики ту гуфтам, чашмсабзи дилпазири ман.

Аз ишқи хокии хокӣ, раҳо шуд ҷони озодам,

Шуд озод оқибат ин қалби ранҷуру асири ман.

Намеарзанд бар меҳру муҳаббат аждарон, эй дӯст,

Сазовори фалак бошад замири беназири ман.

Баҳор омад, баҳор омад, маро барномаи нав ҳаст,

Фақат некӣ, фақат покӣ, сафо бошад башири ман.

Зи ман омӯхт дарё покию анвор озодӣ.

Баҳори нав муборак омадӣ, эй дуру дери ман.

Адибаи ХУҶАНДӢ

 ВАТАН

Шукӯҳат дилам орзу мекунад,

Чу дар сина ишқат нумӯ мекунад.

Ба лаб номи хуршедият, эй Ватан

Вуҷудам туро ҷустуҷӯ мекунад.

Барои саодат канори ту бас,

Ки ғамро зи дил шустушӯ мекунад.

Туӣ аз табори сапеди шафақ,

Саҳар қиссаат мӯ ба мӯ мекунад.

Ман аслан зи дилдодагони туям

Ҳавоят дилам зеру рӯ мекунад.

Манам шоири навбаҳорони ту,

Ки ҳарфам аз ин бозгӯ мекунад.

Ватан, боғшаҳри таманнои ман

Шукӯҳат дилам орзу мекунад.

Cапедаи МУҲАММАД

ЭЙ МЕҲАН

Ватан, эй ному нанг, эй фарру эй номус, эй Меҳан.

Ҳазорон бор хокистар шудӣ, қақнус, эй Меҳан.

Ҳазорон сол вайрон кардаву карданд ободат,

Ту эй ганҷи азал аз даври дақёнус, эй Меҳан.

Ҷаҳон дорад тамаддуне ба истибдоду ҳирсу оз,

Фалак дидаст дунёро яке кобус, эй Меҳан.

Дили ман шабнаме ё ғунчае ё гард, меҳри ту,

Мисоли чашмаву дарёю уқёнус, эй Меҳан.

Ту устоди адаб шеъру сухан фарҳанги ашрофӣ,

Ту устодӣ ба инсонӣ ба Руму Рус, эй Меҳан.

Кунун даврони рӯзи рӯшану бахти ту бозомад,

Гузашт он рӯзгори тираву манҳус, эй Меҳан.

Ту озодӣ, ту ободӣ ба номат шукр мегӯям,

Расад аз доманат Синову Ҷолинус, эй Меҳан.

Фирӯзаи ШАРИФ