Ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ба қадри сулҳу субот бояд расем

№61 (3698) 01.06.2017

vahdatИмсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Дар бораи аҳамияти он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхтаанд ва онро падидаи нодир дар таърихи сулҳофарии байналмилалӣ меҳисобанд.  Пойдории давлат ва бақои он, оромию осоиштагии ҷомеа, ҳаёти хушу хуррами мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту идораҳо ва таъмини волоияти қонун ба адолати судӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти ислоҳоти судиро таъкид намуда, таҳия ва пешниҳоди барномаи наву мукаммали соҳаро барои солҳои минбаъда ба миён гузоштанд.

Бо мақсади таъмини мустақилияти судяҳо ва манъ будани дахолат ба фаъолияти судя Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» (моддаи 29) идораи воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигоронро вазифадор кардааст, ки натиҷаи мурофиаи судиро пешакӣ баён накунанд ё пеш аз эътибор пайдо кардани ҳалнома ё ҳукм ба суд ба тарзи дигар таъсир нарасонанд.

Тибқи моддаи 7 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», судя вазифадор нест, ки дар бораи моҳияти парвандаҳое, ки баррасӣ шудаанд ё дар баррасӣ қарор доранд, баёнот диҳад, инчунин онҳоро барои шинос шудан дар ихтиёри касе гузорад, ба ғайр аз ҳолат ва тартибе, ки тибқи қонун пешбинӣ шудааст.

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассиса, қонунияту адолатро ҳифз мекунад. Амалӣ намудани адолати судӣ бо баррасии аризаҳои шаҳрвандон дар мурофиаҳои судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба миён меояд.

Маҳз барои риоя намудани принсипҳои мазкур соли 2008 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шуд, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 январи соли 2008 қабул шуда, аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор гирифт. Соли 2009 бошад, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор дорад.

Дар баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ ҳалномаҳои судӣ танҳо дар доираи даъвои пешниҳодшуда қабул гардида, ҳуқуқи суд, ки метавонист аз доираи даъвои пешниҳодшуда барояд, бардошта шуд. Яъне, принсипи дар доираи талаботи пешниҳодшудаи даъво баррасӣ намудани ариза, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ҳифз шуд.

Тибқи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳабс гирифтан, маҷбурӣ дар муассисаи тиббӣ ё тарбиявӣ нигоҳ доштани шахс, кофтукови манзил, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар мукотибот танҳо дар асоси қарори судя мумкин аст. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии ҳуқуқвайронкуниҳоро, ки барои онҳо ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз ҳуқуқҳо пешбинӣ шудааст, ба судҳо вогузор намудааст. Бояд қайд кард, ки судҳои иқтисодӣ самараи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот ба миён омадаанд.

Ҳокимияти судии кишвар тӯли солҳо ҷиҳати таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Дар ҷумҳурӣ Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ татбиқ ва ислоҳоти судӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Дар ҷараёни татбиқи барнома, бо дарназардошти рушди ҷомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун такмил ёфтааст ва баррасии саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои судӣ далели возеҳи гуфтаҳои боло мебошанд.

Пас, мебояд ба қадри сулҳу субот расем ва дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузорем.

Парвиз Мирзозода,

судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон