Минбари ватандорӣ

Бузургии миллат дар ваҳдату ҳамдилист

№64 (4484) 28.05.2022

Истилоҳи «адолату инсоф» на танҳо хоси адабиёт ва мақоми судӣ аст, балки дар ҳама ҷанбаи зиндагӣ кафолати амнияту субот, ҳамдигарфаҳмию ризоят маҳсуб меёбад. Дар дилхоҳ ҳолат сарфи назар намудани ин вожаҳои меъёри баланди ахлоқӣ боис ба ихтилоф ва бархӯрдҳои фоҷиабор мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди солимфикр ва дорои ахлоқи ҳамидаро лозим меояд, ки риоя ва эҳтироми ҳатмии қонунҳои мавҷударо, ки кафолати татбиқи адолати иҷтимоӣ мебошанд, дар ҳаёти рӯзмарра меҳвар қарор диҳад.

Аз таҷрибаҳои зиёди мурофиаҳои судӣ ва  зарбулмасалу мақолҳои мардумӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар ҳама давру замон дар ҷомеа унсурҳое ҳастанд бо хислатҳои манфӣ. Чун мақоли «забони дузду ғар дароз аст», унсурҳои бадахлоқу ҷиноятпеша аз лиҳози хислатҳои манфӣ ниҳоят хуб «мусаллаҳанд». Барои онҳо ягон арзишу муқаддасот вуҷуд надорад. Дар урфият «умри дурӯғ кӯтоҳ» гуфтаанд.  Ҳарчанд дар чунин ҳолатҳо барои «мӯйро аз хамир ҷудо кардан», ҳақиқатро барқарор кардан заҳмати шабонарӯзӣ ва таҷрибаю малакаи мутахассисони соҳа зарур мебошад.

Бархӯрдҳои зикршуда дар ҷомеа на танҳо дар дохил, балки дар сатҳи баланди байналдавлатӣ низ ба мушоҳида мерасанд, ки аксар ҳангом бо оқибатҳои нохуш меанҷоманд. Бадбахтона, дар паси ин ҳама саҳнасозиҳо қувваи сеюм мавқеъ гирифта, бо ҳар роҳу восита ба шиддат ёфтани бархӯрдҳо, муноқишаҳо манфиатдоранд. Он чӣ мардуми мо дар солҳои 90 – уми асри гузашта шоҳид гардида буд. Айнан, ҳусни хат чунин «хоста» ба мардуми Қазоқистон, Фаластин, Афғонистон таҳмил шудааст.

Мардуми шарифи кишварро зарур аст, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидтар гарданд. Нагузоранд, ки хоинону душманони миллат дубора дар пиёдасозии аҳдофи нопок имкон ёбанд.

Кӯшишҳои ноором сохтани вазъ аз ҷониби ба ном мухолифин таҳти роҳбарии саркардаи наҳзатиҳо, ба ном лидерҳои мардумӣ дар ВМКБ, дасисаи унсурҳои ҷиноятпеша аз қаламрави кишвари ҳамсоя – Қирғизис­тон дар хати марзи муштарак сокинони кишварро бояд ба он водор намояд, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Набояд фаромӯш кунем, ки ҷангҷӯёни ифротии ҳаракати иртиҷоии «Толибон», ки алҳол қудратро дар кишвари ҳамсоя — Афғонистон ба даст доранд ва фурсати муносибро бо мақсади нооромсозӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна умедворанд.

Миллати тоҷик борҳо аз чунин санҷишҳои сангин сарбаландона гузаштааст. Табиатан дар ҷаҳон тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳу осоиштапарвар ва заҳматдӯст мешиносанд. Дар замони ба мусобиқа  табдил ёфтани мусаллаҳшавии босуръат аз тарафи давлатҳои абарқуд­рат ба хотири ба даст овардани манфиат ва қудрати ҷаҳонӣ, ҷумҳурии моро низ зарур аст, баҳри ҳифзи соҳибистиқлолии мамлакат ба таҳкими соҳаи мудофиа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Муҳимтар аз ҳама, вусъ­ат бахшидани ҳамдигарфаҳмию ризояти миллӣ мебошад. ҳоло дар ҷаҳон, аз «Формулаи сулҳи тоҷикон» дида, мактаби пазиротар ба мушоҳида намерасад. Таҷрибаи мазкурро сайқал дода, ба он муваффақ шавем, ки дар ҳалли дилхоҳ қазияи пешомада самаранок истифода намоем. Шахсан некбинам ва ба қудрати созандаи давлату миллат эътимоди комил дорам.

Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Саидмурод Давлатзода,

котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе