Ҳамовозӣ

«Чаро лӯлиён дар шиноснома тоҷик сабт мешаванд?»

№23 (3973) 28.02.2019

beggarЧунин ном дошт мақолаи омӯзгор Раҳмат Шералиев, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (№11 аз 26 январи соли 2019) чоп шуд. Онро хонда, рӯзҳои дар як қатор шаҳрҳои Россия ва дигар манотиқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буданро ба хотир овардам. Дар ҳақиқат, лӯлиён дар он ҷойҳо худро тоҷик муаррифӣ мекунанд.

Муаллиф барҳақ зикр менамояд, ки онҳо бо талбандагӣ обрӯю эътибори халқи тоҷикро паст мезананд. Онҳоро бештар дар кӯчаву бозор, чойхонаю ошхонаҳо, тарабхонаву назди беморхонаҳо ва масҷидҳо мебинед. Кӯдакони худро либосҳои ҷанда пӯшонида, дар паҳлую бағал гирифта мешинанд. Дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ ҳам мардҳоеро мебинем, ки «кӯҳро зананд, талқон мешавад», вале аз мӯйсафедону пиразанҳо «хайру садақа» талаб менамоянд. Баъд, вақти бозгашт, мебинед, ки бо таксӣ ба хона мераванд. Онҳо меҳнат кардан намехоҳанд.

Банда тарафдори муаллифи мақола ҳастам, ки менигорад: «Ашхоси мутасаддии бақайдгирии аҳолии кишварро зарур аст, ки бо давлатҳои ҳамсоя — Афғонистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Туркманистон гуфтушунид баранд, то намояндагони ин қабилаҳоро дар шиноснома «лӯлӣ» сабт намоянд».

Хоҷӣ — Бобо Тӯйчизода,

собиқадори маориф, шаҳри Исфара