Чаро рўҳониён аз санъат ҳазар доранд?

№142 (3779) 30.11.2017

Истиқлолият ва ошкорбаёнӣ пову дасту даҳони мардумро кушод. Огоҳу ноогоҳ ба сиёсату «беҳбудӣ»-и ҷомеа часпиданд. Аз ҷумла, рўҳониён.

Ҳини дар шаҳри Бостон (ИМА) будан бо иллати гарон будани арзиши чипта ба театр нарафтам. Вале барои тамошои филм имкон шуд. Он ҷо ду рўҳониро дидам. Босалобат буданду бо либосҳои муқарраршуда ва салиби овезон пеши бар. Филм аз ҷангу фаҳш набуд. Аз ахлоқи замон, аз зиндагии ибратомўзу одамгарӣ буд. Дар телевизион низ филмҳои вобаста ба куштор намоиш дода намешаванд. Ҳама барномаҳо фароғатӣ, мароқовар, маърифатӣ ва варзишӣ буда, аз шинохти табиат, муҳит, олами ҳайвонот, тарғиби донишу ҳунар иборатанд. Шабакаҳое, ки ҷангу кушторро намоиш медиҳанд, маблағи муайянро тақозо мекунанд.

Бояд ёд оварам, ки дар китобхонаҳои шаҳрҳои Метуэн ва Бостон низ рўҳониёнро вохўрдам, ки китоб мехонданд. Ба зеҳнам андешае омад, ки чаро рўҳониёни мо ба тамошои синамо, театр ва осорхона рағбат надоранд? Ба назар мерасад, ки ислом ин ҳамаро шояд мамнўъ эълон карда бошад? Вале ин ҳама аз коҳилӣ аст ва набудани масъулият дар назди хонавода ва давлату миллат.

Агар чунин нест, пас чаро онҳо дар истифодаи телевизор, видео, телефонҳои мобилӣ, нақлиёт сафарҳои хориҷа фаъоланд? Аз он ки ба дидаву шунидаашон баҳои воқеӣ намедиҳанд, домангирам. Ҳам аз он домангирам, ки ба дигаргуниҳои ҷолиби Ватан назарашон нек нест. Норасоӣ ва камбудиҳои зиёдро метавонанд дунболи ҳам бичинанд, вале дар ислоҳ намекўшанд. Ҳастии худро бо мардуми дигар қиёс намекунанд, рисолатро дар рўзадорӣ, намозгузорӣ, амри маъруф ва ҷаноза мебинанд, ки ин вазифаи ҳар муслим аст. Аз созандагӣ, бунёдкорӣ ва шинохти миллат дур афтодаанд. Аз ин рў, аз зиёиён худро канора мегиранд.

Дар маҳфиле аз як ходими дин шунидам, ки мегуфт: суруд, мусиқӣ, шоир ва ҳунарманд аз мазҳаби мо бегонаанд. Аз он марди «хушгуфтор» пурсон шудам, ки бо тамоми офаридаи зебояш магар Парвардигор шоир нест ва бо оҳанг хондани каломи шарифро чӣ гуна маънидод бояд кард? Забон хоид.

Вале театру синамо, ки таҷассумгари зиндагии мост ва хосияти парваришгарона дорад, аз ҷониби мазҳаб ва дине мамнўъ ­нашудааст. Оё ҷумҳуриҳои исломиро бе театру синамо метавон тасаввур кард?

Гурезпоӣ аз маҳдудияти мафкура аст. Муносибат ба дин ва эътиқод дар кишварҳои мутамаддин комилан ба тарзи дигар матраҳ мешавад. Ирода ва унсури одамӣ афзалият дорад ва рўҳониён на ба сиёсат кор доранду на ба динҳои дигар, вале аз санъату ҳунар бохабаранд. Дар мавриди тарбияи фарзанд дар оилаи рўҳониён наметавон яксон қазоват кард. Агар доирае аз мақому мавқеъ ва дастури пирон амал кунанд, гурўҳе фарзандонро дар рўҳияи «ҳамқадами замон будан» тарбия мекунанд, ки хуб аст. Дар ҳолати аввал як неруи тавоное аз маърифати муосир бенасиб хоҳад монд. Бояд дақиқан бидонем, ки синамо, китобхонаю осорхонаҳо идомаи занҷираи донишгоҳу донишкадаанд. Он чӣ гуфта шуд, наҳ задани дини мубини ислом ва рўҳониён нест. Мусалмонам, дини мубини ислом шояд ба пуштибониам эҳтиёҷманд нест, чунонки ба рўҳониёни хурофотӣ, зеро ки муқтадир аст. Ҳеҷ гоҳ хавфи аз миён рафтанаш набудааст, аммо миллати тоҷикро дар миёни ҷунбишҳои бузург ва муқовимату талотуми сиёсӣ, фарҳангӣ ва динӣ ба парешонӣ ва нобудӣ мувоҷеҳ шуданаш имкон дорад. Агар ходимон бештар ба ҷанбаҳои миллӣ таваҷҷуҳ мекарданд, он гоҳ саҳмашон дар ҳифзи дастовардҳои кишвар дучанд мебуду нафъашон бештар.

Ҷонибек Асрориён