Чойи талх равшан кунад табъи сухандонро

№155 - 156 (4738 - 4739) 27.12.2023

чойи кабудЧой дар рӯзгори мо — тоҷикон нӯшокии асосӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо дӯстонамонро ҳангоми мулоқот ба «як пиёла чой» даъват мекунем ва зимни ба сари дастурхон нишастан пеш аз ҳама, чой мефармоем.

Тибқи маълумоти таърихӣ, кашфи чойи кабуд аз Хитой оғоз ёфта, баъдан дар давлатҳои Осиё ва Аврупо паҳн гардидааст. Чойро дар Хитой 2500 сол то мелод чун растании доругӣ парвариш мекарданд. Ноҳияҳои бешазори Ассам, Бирма, Юнон, Хитой ва Ветнами Шимолиро ватани чой меҳисобанд. Португалиҳо дар асрҳои ХV — ХVII аз Осиёи Шарқӣ чойро ҳамчун дору ба минтақаи Аврупо бурданд. Дар Осиёи Миёна чой охири асри ХIХ пайдо шудааст.

Ҳар сол дар Ҳиндустон то 500 ҳазор тонна, Шри-Ланка — 215 ҳазор, Хитой - 200 ҳазор ва дар ИДМ 72 ҳазор тонна чой истеҳсол мешавад.

Чойи кабуд аз кофеин ва полифенолҳо бой буда, дар таркибаш микроэлементҳои дигар, ба монанди каротиноид, токоферол, кислотаи аскорбин (ё ин ки витамини С), хром, манган, селен ва руҳ, мавҷуд аст. Ба қавли табибон, ин намуди чойи барои ғизодиҳии микрофлораи рӯдаҳо, ба ҷигар таъсири мусбат мерасонад, инчунин барои фаъолияти муътадил ва рафъи иллатҳои дилу рагҳо, милки дандон, санги гурда, саратон, диабети чашм, касалии қанд ёрӣ мерасонад. Ба қавли шоир Абдулқодирхоҷаи Савдо:

Зи ҷӯши чойҷӯшам ин нидо дар гӯш меояд,

Ки чойи талх равшан мекунад табъи сухандонро.

Дар китоби шодравон Ҳомидҷон Зоҳидов «Канзи шифо» чой чунин тавсиф шудааст: «Чойи кабуд дар мизоҷ сард ва хушк аст ва мизоҷи чойи сиёҳ гарм ва хушк мебошад. Хислатҳои шифобахши он: нӯшидани чойи сиёҳ қувват мебахшад.

Нӯшидани чой хунро соф мегардонад, ранги рӯйро неку месозад ва мадад мерасонад, ки давоҳои истеъмолгашта ба қаъри меъда ва ҷоҳои дури бадан бирасанд, меъда ва мағзи сарро аз олоишҳо пок мегардонад. Чойро аз болои таом бинӯшанд, ҳазми онро метезонад. Агар чойро бо решаи ревоҷ дар об якҷо ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, моддаи сафро ва балғами часпакро ихроҷ мекунад».

Барои кишти растании чой иқлими Тоҷикистон мутобиқ нест, зеро чой намнокии зиёд талаб менамояд. Аммо дар кишвари мо аз кадим навъҳои гуногуни чойро аз гиёҳҳои шифобахш мавриди истифода қарор медоданд ва имрӯз ҳам мардум аз он истифода мебаранд. Ҳоло дар нуқтаҳои савдо номгӯй ва навъи зиёди чой ба харидорон пешкаш шудааст. Дар миёни онҳо чойҳои пастсифат низ кам нестанд. Хуб мебуд, ҳамватанонамон аз захираи бои табиати диёри биҳиштосоямон, яъне гулу гиёҳҳо, ки ба инсон фоидаовар аст, истифода баранд. Кокутӣ, бобуна, чойи кӯҳӣ (маҳмил), чойгиёҳ, мармарак, розиёна аз ҳамон ҷумлаанд.

Ба ақидаи гиёҳшиносон, иқлими Тоҷикистон барои парвариши чойҳои шифобахш хеле мусоид мебошад.

- Табиати биҳиштафзои мо дорои садҳо намуд гиёҳҳои шифобахш мебошад, ки онҳоро ба сифати чой мавриди истифода қарор додан мумкин аст. Танҳо, ба назар гирифтан даркор, ки мизоҷи гулу гиёҳҳо гуногун аст ва зимни истифода онро бояд ба назар гирифт. Ҳоло мо аз ҳафт намуд гиёҳ, ба мисли кокутӣ, ҷамилак, бобуна, мухаллас, сунбул, сано чой омода кардем. Дар якҷоягӣ мизоҷи ин чой муътадил мешавад,- гуфт табиби мардумӣ, адиб Муҳаммадрасул Иброҳимзода.

Пеш теъдоди чойхонаҳо хеле зиёд ва он ҷои суҳбату вохӯриҳо, истироҳату фароғат буд. Бисёриҳо ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ аз чой, ангур ва нон истифода мебурданд. Чунин ғизо ҳам арзон ва ҳам фоиданок буд. Ҳоло низ чой дар ҳама нуқтаҳои хӯроки умумӣ ҳаст, аммо теъдоди чойхонаҳо хеле кам шудааст. Баъзеҳо сабаби инро дар он мебинанд, ки чойхонаҳои анъанавӣ дар шароити имрӯза камдаромад аст ва хароҷоти худро намепӯшонад. Аз ин лиҳоз, ба соҳибони чунин чойхонаҳо баъзе сабукӣ ва имтиёзҳо додан зарур аст, то тавонанд фаъолияти худро дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ кунанд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»