Бахшида ба 110 - солагии Мирзо Турсунзода

Дӯсту бародари мо

№49-50 (4311-4312) 17.04.2021

Писатель М.Турсун-ЗадеВақте сухан дар бораи халқҳои тоҷику ӯзбек меравад, бамаврид аст, ки аз дӯстии Арбоби шинохтаи Ӯзбекистон, адиби забардаст Шароф Рашидов ва Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикис­тон Мирзо Турсунзода ёдовар шавем. Шароф Рашидов ба китоби Мирзо Турсунзода «Оташ посбони», ки  соли 1981 ба забони ӯзбекӣ чоп шуд, бо номи «Дӯсти мо, бародари мо» сарсухан навишта, дар бобати ҷойгоҳ ва мақоми баланди Мирзо Турсунзода изҳори андеша  намудааст. Онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Решаҳои  дӯстии халқҳои  тоҷику ӯзбек ба қаъри асрҳо мерасад. Агар дар ин бора андеша кунем, дӯстии  ду шахсияти бузург — Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони  Ҷомӣ ба ёд меояд.  Образнок карда гӯем, ин ду инсони муътабар ду боли азими дӯстии халқҳо ба ҳисоб мераванд. Дӯстии мо бо ёрии  ана ҳамин болҳои бузург ва хастанашаванда асрҳо боз дар қуллаҳои баланд парвоз мекунад. Ин симоҳои азим ба ҷангу мубоҳисаҳо  қудрати  бародарӣ, сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкориро зид гузошта, барои бахту саодати халқҳо ҳадафмандона мубориза бурдаанд.

Ҳар як давр ташбеҳи шоиронаро тақозо мекунад. Вале ҳумои муқаддаси дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек  парвози баландро давом дода, намунаи эҷоди маънавии халқҳои ба якдигар наздик, азиз ва муътабарро дар замони нав муҷассам намуда, онро тараннум карда истодааст. Худро болу пари тиллоии мурғи бахт эҳсос намудан барои ҳар як шоир саодати бузург аст.  Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дӯсти азизам – Мирзо Турсунзода шоҳпари зебо ва ноёби  ана ҳамин мурғи бахт мебошад.

Калимаи «пар»  ду маъно дорад: маънои аввали он – қалам аст. Вақте ки дар бораи қалами нависанда сухан меравад, боварии комил дорам, ҳар як қатрае, ки аз қалами гавҳарбори  Мирзо Турсунзода  чакидааст,  дар хазинаи фарҳанги халқамон ҷои намоёнро ишғол мекунад. Шеърияти дилбаронаи назми шоири бозаковат ва соҳибдил аз марзҳои кишвараш гузашта, ба мамлакатҳои дуру наздик парвоз кард. Орому осуда ва бародарона зистани халқҳои сайёраро  чун гавҳараки чашм нигоҳ дош­тан болу пари  пӯлодии эътиқоди шоир аст. Ӯ барои бар зидди империализм ва нажодпарастӣ мубориза бурдан халқҳои ҷаҳонро ба якдилӣ ва  муттаҳид шудан даъват намуд. Мирзо Турсунзода дар давоми қариб ним аср дар ҷодаи адабиёти советӣ ҳамчун шоир, драматург ва публитсист содиқона, хизмат кард. Истеъдоди бисёрпаҳлуи худододи худро ба хидмати халқ, Ватан, ҷамъият ва миллат пурра сафарбар намуд.

Шиносоии мо аз соли 1949 оғоз ёфт. Он вақтҳо ҳар дуи мо ба ҳайати Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриҳоямон раисӣ мекардем. Мирзо Турсунзода дар вохӯрии  нахустин дар дили ман таассуроти самимӣ ва   амиқ гузошт. Арбоби боғайрат ва фаъол, доираи фикру мулоҳизаҳояш васеъ, санъаткори асил будани  ӯ аз нигоҳи тез ва  суханҳои буррою ширадораш  маълум шуда меистод. Ман дар бораи Мирзо Турсунзода пеш аз шинос шудан низ бисёр суханҳои нағз шунида, асарҳояшро бозавқ мутолиа  карда будам. Дар ёд дорам, мисраъҳои пурҳаяҷон ва таъсирбахши ӯ, ки  ба ҷанговарони тоҷик бахшида  буд, онҳоро бар зидди фашистон  рӯҳбаланд месохт. Шеърҳои пурмазмун ва дилраси шоир, ки дар онҳо ҳарорати гражданӣ баръало ҳис карда мешуд,  дар дил ҳиссиёти ватандӯстиро ба ҷунбиш меовард, фикрҳои пурмуҳтавои  шоир  шахсро дар ҳайрат мегузошт. Баъди  бо шоир шахсан вохӯрдан  навиштаҳои ӯро аз нав  хонда баромадам. Шеърҳояшро, ки  бо маҳорати хос, ҳиссиёти  баланд навишта шуда буд, такрор ба такрор мутолиа  мекардам.

Øàðàô Ðàøèäîâè÷ Ðàøèäîâ, ïåðâûé ñåêðåòàðü ÖÊ ÊÏ ÓçáåêèñòàíàСоли 1957 дар Тошканд  барои даъват намудани Конференсияи якуми  нависандагони  Осиё ва Африқо  кумитаи ташкилӣ таъсис ёфт, ки камина раис, Мирзо Турсунзода бошад, узви фаъолтарини он буд. Алоқаи эҷодӣ ва муносибати Мирзо Турсунзода бо нависандагони тараққипарвари Осиё ва Африқо кори моро аз ҳар ҷиҳат осон гардонд. Зеро  мавсуф аллакай бо асарҳои «Ман аз Шарқи озод», «Садои Осиё» ва достони «Ҳасани аробакаш» дар Шарқ маълум ва  машҳур буд.  Масалан, силсилаи шеърҳои «Ман аз Шарқи озод», ки аз рӯи принсипи  қиёс намудани куҳнаву нав навишта шудааст, дар бораи ҷамъиятро аз нав сохтану  роҳҳои мубориза  бурдан барои бахту саодати халқ бо забони фаҳмо  маълумот медиҳад.  Мирзо Турсунзода барои хонанда фақат шоири моҳири лирик не,  балки публитсисти оташинсухан ва шоири муборизи сулҳу адолат низ эътироф гаштааст.

Дар сафарҳои якҷоя ба мамлакатҳои Осиё ва Африқо чӣ тавр Мирзо Турсунзодаро бо меҳру муҳаббат пешвоз гирифта ба оғӯш кашидани ошиқони шеърашро дида, фахр мекардам. Ба ӯ гул ҳадя намуда, бо хушнудӣ, аз самими дил қарсак мезаданд, оламро фаромӯш карда, бо ҷону дил суханрониашро гӯш менамуданд. Образи офаридаи шоир Ҳасани  аробакаш барои ҳазорон  нафар ба ҳақиқати реалӣ табдил ёфт. Дар шахсияти ин писари тоҷик, ки халқаш асрҳои зиёд азобу машаққат кашида, дар роҳи ҳақиқат, адолат ва саодат ҷонбозӣ кардааст, ифодаи  худро ёфтааст. Муаллиф низ  солҳои кӯдакӣ  меҳнати сахти ҷисмонӣ ва рӯзҳои мудҳиши муҳтоҷиро аз сар гузаронида буд.

Мирзо Турсунзода шоири ҳақиқии ватани худ буд. Ӯ дар шеърҳояш аз иқболи халқи тоҷик ҳарф мезад. Аз муваффақиятҳои кишвараш бо меҳру муҳаббат сухан мегуфт, бо ҳиссиёти баланд  тараннум мекард. Овози таъсирбахш ва мутантани ӯ дар ҳама  гӯшаи ҷаҳон шунида мешуд. Зеро қалби шоир аз меҳру муҳаббати одамони одӣ моломол буд. Силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» аз ин гувоҳӣ медиҳад. Эҷодиёти шоир дар бораи тақдири мардуми одии ҳинд, афғон, араб, эронӣ ҳеҷ касро бепарво намегузошт. Аз ин сабаб иштироки Мирзо Турсунзода дар Кумитаи ташкилии таърихии форуми нависандагон, ки моҳи октябри соли 1958 дар Тошканд доир шуд, муваффақияти онро таъмин намуд. Дар чорабинӣ бисёр адибони Шарқ ҳозир буданд.  Фаъолияти беандоза ва обрӯю эътибори калони Мирзо Турсунзода дар байни адибони Шарқ ва Африқо ҳамфик­риро ба вуҷуд овард ва нависандагони ду қитъаи бузургро муттаҳид намуд. Ӯ 20 сол раиси  Шӯрои Кумитаи якдилии халқҳои  Осиё ва Африқо  буд. Каломи илҳомбахшу ҷозибадораш дар Деҳлӣ, Қоҳира, Алҷазоир, Стокголм, Конакри, Гавана, Бейрут садо медод.

Сафаре, ки ҳамроҳи Мирзо Турсунзода ба Куба доштам, аз хотир асло намебарояд. Дар он ҷо Конфронси  якуми якдилии халқҳои  Осиё,   Африқо ва Америкаи Лотинӣ баргузор шуд. Дар арафаи соли нави 1966 ба Гавана расидем. Дар меҳмонхона ҷой гирифта, ба тамошои шаҳр баромадем. Роҳ ва хиёбонҳои шаҳр, ки  бо шиору плакатҳо, байрақҳои  ҳархела ва транспарантҳо  оро дода шуда буд, гӯё либоси идона дошт. Аз чор тараф садоҳои  сурудхонӣ  ба гӯш мерасид. Мирзо Турсунзода ба рӯҳияи халқи баҳодур ва меҳмондӯсти Куба, ки ҳафтсолагии  инқилобро ид мекард,  нигоҳ намуда, аз шодӣ сараш ба осмон мерасид, чеҳрааш гул-гул мешукуфт.

Қаҳрамони матлаб дар бораи дидаю шунидааш бо рӯҳияи баланд нақл мекард, ҳар замон ба даст қалам гирифта, дар дафтарчааш тез-тез мисраъҳои нав менавишт. Сеюми январ конференсия кушода шуд. Аз 82 мамлакати Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ 512 нафар вакил иштирок доштанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки конференсия дар шароити басо вазнин ва мураккаб баргузор шуд. Душманони сулҳу пешрафт дар байни вакилон низоъ меандохтанд, ба якдилии онҳо рахна ворид месохтанд. Аз   минбари конференсия, ҳуҷраҳо ва кӯчаҳо овозаҳои ғаразнок шунида мешуд. Онҳо «муттаҳид намудани халқҳои се қитъа бефоида»-гӯён иғво меандохтанд. Кӯшиш мекарданд, ки чорабинӣ баргузор нагардад. Муборизи оташинсухан Мирзо Турсунзода ба ин хел иғвоҳо зарбаи сахт зад. Бори аввал  якдилии халқҳои Осиёю Африқо ва Америкаи Лотинӣ ба вуҷуд омад.

Дӯстони Мирзо Турсунзода беҳисоб, вале душманонаш низ кам набуданд. Ӯ бо душманони худ  кушоду  равшан сахт мубориза мебурд, муросо намекард. Ин корро фақат аз минбари конференсия, анҷуман, форумҳо не, балки бо шеърҳо давом  медод. Ба баҳсу мунозираҳо бо ҷӯшу хурӯш ворид шудан, бо рақибони ғоявӣ бемуросо мубориза бурдан, ба одамони одӣ ҳақиқатро рӯирост нишон додан ба рафтори ӯ, ба эҷодиёти ӯ хос буд.

Мирзо Турсунзода ба мукофотҳои Ленин ва давлатӣ, ҳамчунин, мукофоти Ҷавоҳирлаъл Неру мушарраф гашт. Ӯ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, узви ҳақиқии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон буд, халқ ӯро чандин маротиба депутати Шӯрои Олии СССР ва Тоҷикис­тон интихоб намуданд.

Аз рӯзҳои  аввали дӯстӣ то лаҳзаҳои охирини ҳаёти шоир моро решаҳои устувори ҳамкории эҷодӣ ва муносибатҳои инсонӣ фаро гирифта буд. Ин решаҳо аз шираю шарбати кишварҳои азизамон  баҳра мегирифт, ин решаҳо аз шарофати  дӯстии  файзбор ва  баракати халқамон рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегашт. Дар мамлакат гузаронидани  ҳафтаю деҳаи адабиёт ва санъат, алоқаҳои доимии фарҳанг, аз неъматҳои маънавӣ баҳраманд шудан дар байни халқ ба анъанаи бузург табдил ёфта буд. Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Ӯзбекис­тонро, ки соли 1968 баргузор гашт, то ҳозир ёд дорам. Вохӯриҳо, муҳокимаҳои эҷодӣ, суҳбатҳо танҳо дар вазъияти расмӣ не, балки дар атрофи дастурхон, дар Душанбе дар хонадони Мирзо Турсунзода, дар Тошканд дар хонаи камина баргузор гашта буд. Вохӯриҳое, ки бо Мирзо Турсунзода мешуд, фаромӯшнашаванда буда, ҳам дар қалби ман, ҳам  дар хотираи ман абадӣ нақш бастааст. Ӯ танҳо Мирзои тоҷикон не, балки Мирзои мо — ӯзбекон  низ ҳаст. Дӯстам хислати аҷиб дошт, бағоят хоксор ва одӣ, оқилу доно   буд,  суҳбаташ завқ мебахшид. Дониши ғанӣ дошт. Вазифа ва масъулиятро ба дараҷаи олӣ ҳис мекард. Ӯ дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро васф мекард, на танҳо дар бораи дастовардҳои фарҳанг, адабиёту санъат, балки саноат ва хоҷагии қишлоқи ин ду халқро низ бо ҳиссиёти оташин баён месохт.

Мирзо Турсунзода бо халқи азизи худ якдилу ҳамқадам буд, ба тақдири    ӯ, ба ҳаёти имрӯза ва фардои ӯ масъул буданашонро аниқ ҳис мекард. Ба зидди мустамликадорӣ мубориза бурда, давлатҳои навтаъсиси Африқоро, ки озодӣ ба даст овардаанд,  хайра мақдам мегуфт,  мадҳ мекард,  таманниёти аз ҳама беҳтаринро ба онҳо изҳор менамуд.

Суханҳои рӯҳбаландкунандааш дар ҷаҳон паҳн гашта, дар қалбу шуури одамони одӣ роҳ ёфт, ҷой гирифт, ба дилҳо барои аз занҷири асорат халос шудан неруи нав, боварӣ ва умед  бахшид.

Ба эҷодиёти дӯсти азизам Мирзо Турсунзода, ки ба аҳли ҷаҳон бисёр асарҳои олӣ ҳадя кардааст, баҳо дода, роҳи тайкардаи умри ӯро пеши назар оварда, бо халқи тоҷик, ки ин истеъдоди бузургро ба воя расондааст, ифтихор дорам.

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи

Сулаймон ЭРМАТОВ