Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастурҳои нави созандагӣ

№159 (4579) 27.12.2022

23 — юми декабри соли равон дар «Кохи Сомон» Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардид.

Ҳангоми ироаи Паём Роҳбари давлат бо сипосу қаноатмандӣ зикр карданд, ки дар натиҷаи меҳнати аҳлонаю хулосабарории дурусти сокинони кишвар, алалхусус кишоварзони мамлакат, аз дастуру супоришҳои дар паёмҳои қаблии Президент додашуда, новобаста ба вазъи ногувори иқтисодию сиёсии ҷаҳон, соли равон ҷиҳати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар тадбирҳои судманд андешида шуда, бозори дохилии ҷумҳуриамон бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин мебошад.

Чунон ки Президент дар Паём қайд карданд, дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ба ҳисоби миёна ба 7,3 фоиз баробар гардида, дар соли равон 8 фоизро ташкил медиҳад, ҳаҷми маош 1,5 баробар ва нафақа 1,3 баробар зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоиз то ба 22,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Соли 2022 сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон 4,2 фоизро ташкил дод, ки ин яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар кишварҳои ИДМ мебошад.

Даромади умумии пулии аҳолӣ дар ин давра аз 41,1 млрд. сомонӣ, то ба 87,2 млрд. сомонӣ баробар гардида, 2,1 маротиба зиёд шудааст, ки ин далели зина ба зина беҳтаршавии сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

Хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ дар тӯли панҷ соли охир 62 фоиз афзоиш ёфта, бештар аз 14,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

 Дар амалигардонии ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумат мавқеи ниҳоят бузург доштани соҳибкорони бонангу номуси кишварро Сарвари давлат бори дигар таъкид карда, ба мақомоти ваколатдор дастур доданд, ки баҳри рушди бонизоми соҳибкорӣ чораандешӣ намуда, аз ҳама зуҳуроти фориғболию расмиятчигиҳои беасос, эҷоди монеаҳои сунъӣ нисбат ба ҳаллу фасли дархостҳои соҳибкорон даст кашида, роҳҳои ҷалби сармоягузориҳои хориҷию дохилиро ҷиҳати таъсисдиҳии корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодабарии босамари захираҳои табиӣ ва дар ин замина, бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намудани сокинон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар кишвар, ки фишанги асосии рушди босуботи ҳар як давлат мебошад, ба соҳибкорон 120 намуди имтиёзу кумакҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, маблағи умумии ин сабукиҳо 12 млрд. сомониро ташкил медиҳад ва ба таъкиди Президенти мамлакат шумораи субъектҳои бақайдгирӣ аз чор ба як адад кам гардида, хизматрасониҳои бақайдгирӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки низоми иҷозатномадиҳиро боз ҳам такмил дода, шумораи иҷозатномаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ 60 дарсад кам карда шавад.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки борҳо ҳушдор дода мегӯянд: «Ватани моро фақат худамон обод карда метавонем ва агар ҳар шахси мансабдор бо имону инсофи комил вазифаи хешро иҷро намояд, мардумсолор бошаду халқро уҳдабароёна роҳбарӣ кунад, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии давлати мо чандин маротиба хубтар хоҳад шуд».

Ҷоизи зикр аст, ки дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар дар тӯли 5 соли охир, алалхусус соли 2022, ки яке аз солҳои пурмуаммои ҷаҳони муосир ба шумор меравад, таҳлилҳои хеле дақиқу раднопазир оварда шудааст.

Ҳангоми ироаи Паёми имсола низ Роҳбари давлат ба масъалаи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, идоракунии босамари молияи давлатӣ, такмилдиҳии фишангҳои қарздиҳии бонкӣ, тақвиятбахшии корҳо ҷиҳати таъмини иҷрои босифати қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, самаранок истифодабарии имкониятҳои мавҷуда баҳри рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ахлоқию хештаншиносии насли ҷавон, омодасозии мутахассисони ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудани бонувон ва кадрҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз эътибори махсус дода, ба вазорату идораҳои дахлдор дас­туру супоришҳо доданд.

Тибқи супориши Сардори давлат аз 1-уми июли соли 2023 дар Тоҷикистон ҳама навъи андоз, боҷҳои гумрукӣ, суғуртаҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра бояд ба шакли ғайринақдӣ пардохт карда шаванд, ки ин тадбирҳо ба шаффофияти даромадҳои буҷет ва баланд бардоштани қурби пули миллӣ мусоидат мекунад.

Бо мақсади кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дастур дода шуд, ки дар кишвар «Махзани ягонаи маълумот барои хизматрасонии рақамӣ» таъсис дод шавад.

Дар асоси супориши Пешвои миллат аз 1-уми марти соли 2023 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, аз 1-уми июли соли 2023 мутаносибан ба андозаи 20 фоиз баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯёну нафақаи заминавӣ, пешбинӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки аз 1-уми июли соли оянда нафақаҳои суғуртавӣ бо назардошти сатҳи таварруми 2 — сола, на кам аз 16 фоиз ва дигар нафақаҳо ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд, ки ин тадбирҳо далели характери иҷтимоӣ доштани сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар маҷмӯъ, таъкид кардани онро зарур мешуморам, ки ҳама дастуру супориши дар Паёми имсола зикргардида ба манфиати сокинони кишвар буда, сари вақт амалигардонии он ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли мо, ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ҷойи сазоворро ишғол намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаронида шудааст.

Карамулло ОДИЛОВ,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон