Фармони Президент манзалати занонро боло бурд

№64 (4647) 15.05.2023

09.14.2213-уми майи соли равон бо ташаббуси Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ якҷоя бо Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар толори бинои «Ақди никоҳ»-и шаҳр Рӯзи байналмилалии оила таҷлил гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳр, раисони Ҷамоати шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг, намояндагони идораву корхонаҳо, оилаҳои ҷавон ва пирони рӯзгордида иштирок доштанд.

 Мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат Шоира Шарифзода аҳли толорро ба ин ҷашни фархунда табрик гуфта, иброз дошт, ки баробарии мардону занон қисми таркибии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Муҳимтарин ҳуҷҷате, ки иштироки занонро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва идораҳои давлатӣ фароҳам оварда, фаъолияти онҳоро дар ҷомеа равнақу ривоҷ бахшидааст, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардош­тани мақоми зан дар ҷомеа» аст. Аз ин лиҳоз, Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои тақвият ёфтани дастурҳои Сарвари давлат ҳамвора талош меварзад.

 Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода гуфт: «Тарбияи фарзанди солим, қавииродаву солеҳ ва ватандӯст барои миллати тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Агар дар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ зоҳир шуда, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонида, ба ташаккули шахсияташон аҳамияти зарурӣ диҳем, онҳо дар ҷомеа мавқеъ пайдо мекунанд. Албатта, ин рисолатро оилаҳое анҷом дода метавонанд, ки комилан солим бошанд».

 Тибқи натиҷаи озмуни «Оилаи беҳтарин» хонаводаи Фотима Табарова ѓолиб эътироф гардида, бо дип­лом ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардид. Ҳамчунин, ба бист тифлаки навзоди ятим ва оилаҳои камбизоат шаҳодатномаи таваллуд тақдим ва ба ду маъюб кумаки молиявӣ расонида шуд.

 Зимни ҷашни мазкур тӯйи хонадоршавии ду ҷуфт баргузор шуда, аз ҷониби раиси шаҳр Шаҳодатномаи ақди никоҳ дар вазъияти тантанавӣ ба навхонадорон тақдим гардид.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»