«Фарёди ёдҳо»

№ 02.10.2021

БАРОИ САЙТЯкуми октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ ба муносибати 65-солагии шоири шаҳир Махсум Олимӣ таҳти унвони «Фарёди ёдҳо» маҳфили шеъру суруд баргузор гардид, дар он раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, адибони маъруфи кишвар Ато Ҳамдам, Ато Мирхоҷа, Аҳмадҷон Раҳматзод, Шаҳрия Аҳтамзод ва Мирзоюсуф Тоҳирӣ доир ба ҳаёту фаъолият, моҳияти осор ва хислатҳои наҷиби шоири ҷавонмарг суханронӣ карданд. Гардонандаи маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш буд.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода зимни суханрониаш гуфт, ки пос доштани хотираи шахсоне, ки барои пешрафт ва рушду нумӯи илму фарҳанг ҷоннисорӣ кардаанд, ҳатмӣ мебошад. Шоири шаҳир Махсум Олимӣ яке аз он нафарони бонангу номус буд, ки мутаассифона, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар синни 36-солагӣ аз ҷониби аъзои ТТЭ ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба шаҳодат расид. Агар умр вафо мекард, ӯ имрӯз ба синни 65-солагӣ мерасид.

Муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа хотироташро аз даврони ҳамкорӣ бо Махсум Олимӣ нақл кард, ки бозгӯи хислатҳои неку ҳамида, ҷавонмардӣ, ҳозирҷавобӣ ва зарофатгӯии шоир буданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зикр кард, ки дар давраи донишҷӯӣ Махсум Олимӣ бо маҳорат  ва истеъдоди хеш таваҷҷуҳи устодонашро ҷалб кард ва барои таҳсил ба Институти умумиҷаҳонии адабии ба номи Максим Горкии шаҳри Маскав фиристода шуд. Пас аз хатми таҳсил «шоири дипломдор» унвон гирифт.

Адибони шинохта Ато Ҳамдам, Шаҳрия ва Мирзоюсуф Тоҳирӣ низ аз паҳлуҳои эҷодиёт ва хислатҳои неки шоири фақид ёдоварӣ карданд.

Гуфта шуд, ки  дар даврони зиндагии шоир ягона маҷмӯаи ашъораш бо номи «Бӯи умед» нашр шуд. Вале ҳарчанд умри тӯлонӣ надида бошад ҳам, ёду ном ва ашъораш дар хотирҳо ҷовидон хоҳад монд. Чунон ки ӯ гуфтааст:

 Шеъри ман, эй тифли раҳомӯзи ман,

Роҳи ту ҳамвор, не шебу фароз.

Розиям худ бинам умри кӯтаҳе,

Лек хоҳам умри ту бошад дароз.

 Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»