Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар

№№9-10(3646-3647) 31.01.2017

сайт1Таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, падару модарон бояд рисолати муқаддаси худ — тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯс­тиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли наврас­ро дар рӯҳияи ифтихор аз ватандорӣ ба камол расонанд.

Мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғазолӣ гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падар, модар ва муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».

Ба тарбияи фарзанд, ки дар оила аз гаҳвора оғоз меёбад, бо гузашти вақти муайян муассисаҳои томактабию мактабӣ ҳамроҳ мешаванд ва то андозае кори волидайнро осон мегардонанд.

Мутаассифона, баъзе падару модарон гумон мекунанд, ки минбаъд бори таълиму тарбия пурра ба дӯши муассисаҳои таълимӣ меафтад ва бепарво мешаванд. Чунин нофаҳмиҳо то дер гоҳ идома доштанд. Хушбахтона, баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пурра аз байн рафтанд. Тибқи қонуни мазкур акнун падару модарон барои таълиму тарбияи дурусти фарзандон ҷавобгаранд. Аз ин ҷост, ки робитаи муассисаҳои таълимӣ бо оилаҳо рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.

Муассисаҳои таълимӣ низ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо иштироки падару модарон чорабиниҳои ­зиёдеро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар кӯдакистони № 76-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ин хотир «Рӯзи дарҳои кушода», «Мактаби модарони ҷавон» ташкил карда шудаст. Падару модарон дар машғулиятҳо иштирок намуда, бо мураббиён ва маъмурияти кӯдакистон ҳамсуҳбат шуда, баҳри беҳбудии сифати таълиму тарбия пешниҳодҳо мекунанд, ки муфиданд, зеро тавре Н. Крупская таъкид карда буд: «Лозим аст, ки ҳар як боғча маркази тарғиботи таҷрибаи пешкадами омӯзгории байни волидайн бошад».

Кормандони муассисаҳои томактабӣ дар симои волидон ҳамкор, ҳамақида, ҳаммаслакро дар таълиму тарбияи кӯдакон мебинанд ва барои баланд бардоштани таълиму тарбия роҳу воситаҳои гуногуни ҳамкориро ҷустуҷӯ намуда, аз онҳо истифода мебаранд. Набояд фаромӯш кард, ки самараи хуби кори таълиму тарбия ба мавҷудияти талаботи ягона нисбат ба кӯдак аз тарафи кӯдакис­тон ва оила вобастагӣ дорад.

Гулҷаҳон Шералиева,мудири ширхоргоҳ  кӯдакистони №76-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе