Гул ҳам табобат мекунад

№132 (4552) 28.10.2022

Ё чаро ҳар як сокини шаҳр бояд гулпарвар шавад?

WhatsApp Image 2022-10-27 at 15.04.59Сабзаву гул ва дарахту буттаҳои ороишӣ на танҳо  кӯчаю  хиёбон  ва гулгашти шаҳрҳоро зеб медиҳанд, балки боиси солимии сокинону  меҳмонон мегарданд. Олами наботот ба одамон дар баробари ғизо, инчунин фараҳу нишот ва хуштабъию саломатӣ ато мекунад.

Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ба ҳар як сокини шаҳр бояд 50 метри мураббаъ ва ба сокинони атрофи шаҳр 300 метри мураббаъ гулу сабзаву дарахтзор рост ояд. Як дарахт дар як шабонарӯз оксигени барои се нафар кифояро ихроҷ мекунад. Дар ҳавои гарм самараи салқиндиҳии дарахти калон баробари салқинкунии  10 кондитсионер  мебошад.

Чанд соли охир дар шаҳрҳои кишвар, алалхусус пойтахти мамлакат раванди гулу сабзазоркунӣ босуръат афзуда истодааст. Масалан, дар шаҳри Душанбе тӯли 10 моҳ (ғайр аз моҳҳои декабру январ) метавон гулҳои шукуфонро мушоҳида кард.

Номгӯи гулҳо низ сол то сол зиёду рангоранг шуда истодааст, ки ин аз завқи баланди мутасаддиён гувоҳӣ медиҳад.

Дар баробари кормандони Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзакорӣ»-и шаҳри Душанбе, шаҳрвандони хушсалиқае ҳастанд, ки  дар зиёд шудани масоҳати гулзори пойтахт ҳисса мегузоранд. Яке аз онҳо Назаралӣ Раҳмонови 69-сола мебошад. Ӯ солиёни зиёд дар корхонаю муассисаҳои гуногуни пойтахт ба ҳайси боғбон — гулпарвар фаъолият кардааст. Алҳол мутасаддии майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконаи №30-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  мебошад.

Ин гулпарвари собиқадор гуфт, ки сабзазор ва гулзори шаҳрҳо нисбат ба замини хушку холӣ шаш маротиба зиёдтар чангу ғуборро  ба худ мекашанд. Аз ин рӯ, дар фасли тобистон ғуборнокӣ дар гулгашту хиёбонҳо ҳамагӣ 30 дарсадро ташкил медиҳад.

- Баъзе намуди гулу гиёҳҳо аз худ фитонсид (моддаҳои зидди бактериявӣ) хориҷ мекунанд, ки бактерияҳои бемориоварро нобуд карда, муҳити зистро солим мегардонад, — афзуд Назаралӣ Раҳмонов.

Олимон муайян кардаанд, ки дар шаҳрҳои калони камсабзаю камгул кӯдакон  аз табиат дур гашта, табъа­шон хира ва нури чашмашон кам мешавад. Илова бар ин, онҳо бештар дучори афсурдаҳолӣ мегарданд.

Бино ба гуфти  қаҳрамони матлаб, дар илми тиб ба воситаи ароматерапия (табобат бо хушбӯӣ) ва хромотерапия (табобат бо гул ва ранг) баъзе беморонро муолиҷа мекунанд. Масалан, дурудароз нигаристан ба сабза ва барги дарахтони ­сабз асабро орому чашмро пурнур мекунад. Нигоҳ кардан ба гулҳои зард иштиҳоро кам менамояд, ки ин барои ашхоси аз вазни изофӣ азияткашанда муфид аст. Гулҳои сурх ва бунафши баланд баръакс, иштиҳоро бармеангезанд. Ин барои касоне, ки баъди бемории тӯлонӣ ва ҷарроҳӣ иштиҳояшонро гум кардаанд, манфиат дорад. Гулҳои сафед ва гулобии равшан таҳрикпазирӣ ва зуд оташин шуданро рафъ менамоянд. Гули марворид (маргаритка) хастагии чашмро дур месозад.

- Бӯи гулҳо хосияти  оромкунандаи асаб доранд. Дидани гулҳои нахус­тини баҳор, аз қабили гули барфӣ (бойчечак), сиёҳгӯш ва наргис касро аз расидани айёми гармию фарохӣ муж­да дода, ба дил фараҳ мебахшанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар як шаҳрнишин ба гулпарварӣ шуғл варзад, — муътақид аст гулпарвари собиқадор.

Хидматҳои шоёни Назаралӣ Раҳмоновро ба назар гирифта, чанде пеш ӯ бо «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон» сарфароз шуд.

- Дар бисёр шаҳрҳои ҷаҳон ­ҷамъияти гулпарварон фаъолият мекунад. Гулпарварон дар ин ­ҷамъият бо ҳам табодули таҷриба  карда, дар ёфтани тухмию ниҳол ба ҳам кумак мерасонанд. Агар дар мо ҳам чунин ҷамъият ташкил шаванд, шумораи хоҳишмандони ба гулпарварӣ машғулшаванда бештар хоҳад шуд, — иброз намуд Назаралӣ Раҳмонов.

Кош сафи чунин гулпарварон дар шаҳру деҳоти кишвар зиёд шавад. Зеро афзудани майдони гулзор на танҳо завқи эстетикиро ташаккул медиҳад, балки саломатиро беҳбудӣ бахшида, табъи хуш ато мекунад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»