Хумори хандаи Ҷумъа

№88 (3882) 19.07.2018

ываываБо вуҷуди ташвишҳои зиё­ди зиндагӣ рӯзноманигор ва ҳаҷвнигор Ҷумъа Мирзоро тез-тез хумори ҳазлу шӯхӣ ва ханда мегирад ва бо навиштаҳояш хотири дигаронро низ болида месозад. 

Инак, ӯ китоби навбатиро таҳти унвони «Хумори ханда» ба мухлисони ҳаҷв пешкаш кард. Дар он ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва латифаҳои солҳои гуногун эҷоднамудаи муаллиф ҷой дода шудааст.

Қисми зиёди навиштаҳои Ҷумъа ҳаёти ҳаррӯзаи ҳамкасбон – рӯзноманигоронро дар бар мегирад. Чунончӣ: «Дар осоишгоҳи  «Баҳористон» буданамро фаҳмида, дӯст ва ҳамсабақам, шоир, рӯзноманигор, овозхон, оҳангсоз, драматург,тарҷумон, хулоса, шахси ҳамадону ҳамакор Озарахш ба дидорбинӣ омад. Чун вақти хайрухуш фаро расид, гуфт:

- Мурғи илҳомам пар кушоду як мурғи бирёнро гирифта, ба дидорбинии шумо омадам.

Чун мурғи илҳомам ба парвоз омадаву иштиҳо қозгир буд, бадоҳатан гуфтам:

- Кош ҳамон илҳоми шумо дар сурати мурғ неву гӯсфанд меомад».

Маҷмӯа ба теъдоди кам ба нашр расида бошад ҳам, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

К. Бурҳониддин, «Садои мардум»