Ҳимоят аз ислом ва ғаразҳои тираи сиёсӣ

№122 (4062) 19.09.2019

Бино ба иттилои хабаргузориҳои байналмилалӣ, чанде қабл дар қароргоҳи Шӯрои корҳои хориҷии Миср, воқеъ дар шаҳри Қоҳира, бо иштироки мутахассисону мутафаккирон конференсия таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм: Робитаи таърихӣ миёни Ихвонулмуслимин ва ТТЭ ҲНИ» баргузор гардид.

Директори Шӯрои корҳои хориҷии Миср, сафир Мунир Заҳрон зимни суханронии ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки кишварҳои минтақа ва олам дар мубориза бо созмонҳои террористие, ки аз як сарчашмаи идеологӣ ғизо мегиранд, бояд муттаҳид гарданд ва аз афзоиши хатари созмонҳои террористӣ ба ҷомеаи арабӣ ва исломӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Ноиби муфтии Ҷумҳурии Миср, доктор Маҷдӣ Ашӯр, ки аз номи муфтии диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом суханронӣ намуд, таъкид дошт, ки сифати «Хавориҷ» бар созмони Ихвонулмуслимин ва қанотҳои хориҷии он, ки ҳамеша дар талоши таъсиси неруи оппозитсионии зиддиҳукуматӣ ҳастанд, амалӣ мегардад. Ин созмонҳо ҷавононро бо идеологияи тундгароӣ ҷалб намуда, танҳо ҷонибҳои лозимаи худро аз фармудаҳои дини ислом мегиранд. Онҳо ба шаклиёт бештар аҳамият дода, аз мазмуни таълимоти динӣ кор намегиранд. Сипас, таъкид намуд, пас аз реша давондани бахшҳои ихвонӣ ҷомеаҳо бо чолишҳои гуногун рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Зеро онҳо низоми «пирамидаи чаппа»-ро истифода мебаранд. Нахуст «ҷиҳод» ва пас аз он «ақидаи исломӣ»-ро меомӯзанд. Таҳаммули қабули фикри дигаронро умуман ба сар надоранд. Ихвонулмуслимин ва қанотҳои он иттиҳоди диниро бар иттиҳоди миллат баландтар мепиндоранд

Доктор М. Ашӯр таъкид намуд, ки созмони террористии Ихвонулмуслимин ва шохаҳои он ба мисли ТТЭ ҲНИ, арзиши Ватан ва ватандориро эътироф намекунанд. Онҳо принсипи иттиҳоди миллат пеш аз иттиҳоди динҳоро қабул надоранд. Принсипи онҳо гумроҳсозӣ, назорат ва решкан намудани ақидаҳо буда, бо ягон барномаи илмӣ амал намекунанд. Инчунин, аз таҳаммулпазирии ислом ва фаҳмиши дурусти он дурӣ меҷӯянд. Дар ин масъала ҳолати ихвониҳои Миср ва Тоҷикис­тонро ёдовар гардидан мумкин аст.

Дар анҷом иштирокдорон бо дарназардошти афзоиши хатари созмонҳои террористӣ ба ҷомеаи арабӣ ва исломӣ ба таъсиси иттиҳоди қавие даъват карданд ва аз ҳукуматҳо тақозо намуданд, ки фазои холии ҷавононро бо таълимоти солим пур намуда, ба болоравии сатҳи ахлоқи онҳо дар муошират ва зиндагӣ мусоидат намоянд. Зеро ин масъалаест, ки бояд аз ҷониби ниҳодҳои иттилоотӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

Ҳамчунин, нақши назарраси Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар мубориза бо ифротгаройӣ хотирнишон гардид.

«Садои мардум»