Мулоҳиза

Инсон азиз, одобаш азизтар аст

№106 (4212) 01.09.2020

unnamedДар замоне ки аксар миллатҳои дунё бо кашфу ихтирооти олимони хеш дар ҷаҳон  ном мебароранд, мутаассифона, дар ҷомеаи мо ба ҷои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб, одатҳои беҷо, ду – се бетарбияе бо эҷоди нағмаҳои нав ба нав боиси дилозурдагии инсонҳо мегарданд. Аз ягон одати бад дар ҷомеа халос шуда — нашуда, ба дигараш рӯ ба рӯ мешавем.

Мушоҳидаи зерро ангуштшумор фикр мекардам, ки мутаассифона, чунин набуда, дар хатсайрҳо одати маъмулӣ шуда мондааст. Боре аз гардиши маҳаллаи «Лучоб» ба мусофирбари хатсайри № 12 нишастанӣ шудам. Дастаи дари пешро доштам, ки марди ҳузарбу каллакалоне нимнигоҳе карду онро, ки аз дарун маҳкам карда буд, накушод. Писарчаи синни мактабӣ, ки вазифаи пулчинакро иҷро мекард, бо садои оҷизонаи паст «он ҷо зайнитай!» — гӯён маро ба ҷои нишастгоҳҳои умумӣ ҳидоят карданӣ шуд. Аслан, бинобар баланд будани поймонак чандон майли нишастан дар курсии назди ронандаро надорам, вале бинобар аз меъёр зиёд будани мусофирон дар дохили мусофирбар хостам, ки дар ҷои холӣ нишинам. Марди синнаш аз миёнсолӣ ҳам гузашта худро чун дар қаҳрамонони филмҳои ҷиноӣ пуштнокӣ партофта, бо ронанда дастакзанон чизеро нақл мекард. Чанд муддат дар пушти сараш рост истода, бо нафрат ба он сари бемағз нигоҳ мекардам. Болои ин аз нарасидани ҳаво нафастанг мешудам. Мошин ҳам бо суръати сангпушт роҳ мепаймуд ва бо вуҷуди намондани ҷои сӯзан дар мусофирбар сари ҳар қадам меистоду одам мегирифт. Касе фаромад ва ба мани  солор ҷояшро дод. Азбаски то он лаҳза, бинобар базӯр ба як пой рост будан, пушт ба рӯи дигар мусофирон меистодам, баробари нишастан дидам, ки чанд зани миёнсол бо халтаю ҷузвдон дар даст бо ҳоли зоре рост истодаанд. Аз ҷумла, зану шавҳаре бо кӯдаки хурдсолашон дар дасти марди хеле тануманди ба сол аз ман ҷавонтар, вале бо мӯйҳои пахта барин сафед, бо азобе рост меистоданд. Ба миннатдорию нею нестони мард нигоҳ накарда, ӯро бо кӯдаки дасташ, ба ҷои худ шинондам ва боз чашмам буду паси ҳамон каллаи бемағз. Писараки пулчин ба саволи барои чӣ ҷойи холиро банд карда, одамон рост меистанд,  беҷуръатона посух дод, ки он мард ҳаққи ду касро пардохт намудааст. Ман гуфтам, ки магар дигарон ҳамон маблағро дода наметавонанд, дар ҳоле ки рост истода, ҳамон маблағро пардохт мекунанд? Ин даъфа  бечора, писарак, ки аз кунҷковии ман дилгир шуда буд, гуфт, ки «ин мардак, аз калонҳои ширкати мусофирбарӣ аст!»

- О, наход ки одамони калоншаванда, ба  нақлиёти ҷамъиятӣ зор мондаю карру фари худро ба намоиш гузоранд? Шинаду  равад бо таксӣ? – гӯён дилсӯзона сари писаракро сила карда, гуфтам, ки медонам, ки ин ҷо ту айбе надорӣ! Рости гап, хостам худамро муаррифӣ намуда, бо ронанда ва он мард дар суҳбат шавам, вале аз фикрам гаштам. Нахостам, ки вақти бе ин ҳам қимати одамонро гирифта, каллаи саҳар табъи худамро  хира намоям ва се истгоҳ пеш аз маҳалли мефаромадагиам ба хотири ҳавои тоза аз мошин фаромадам. Аздусар ба шахсе, ки дар чунин синну сол фаросат­ро наёфтаю лоақал ба хотири модар, зан ва хоҳару духтарони худ фикри он занҳои бечораи дохили мусофирбарро намекунад, фаҳмондан азон гуфтан ба гӯши харро мемонд. Фарз кардем, бо ҷамъи ҳама далел мақолае дар ин бора навиштему ба идораи дахлдор ирсол намудем. Гумон мекунед, ки кадомеро ҷазо медиҳанд ё ақаллан ҳайфи ту мегӯянд? Дигар ин ки  амалҳои ба ҳамин монанд имрӯзҳо лак андар лак ба мушоҳида мерасанд. Кадоме аз онҳоро рӯи қоғаз меоред? Аслан, гап сари навиштану нанавиштан ҳам намеравад. Гап сари он меравад, ки ба ҷои рӯ ба беҳбудӣ овардани ахлоқи аҳли ҷомеа он торафт бадтар мегардаду хубтар не. Дар бораи сатҳу сифати маданияти хизматрасонӣ бошад, ҳоҷати гап ҳам намемонад. На навиштаҳои бешумори рӯзноманигорон, на таъкиду тадбирҷӯиҳои роҳбарияти шаҳр пеши ин ҳамаро гирифта натавонистанд. Барои он ки тарбияро инсон аз хона ва мактаб мегирад. Дар акси ҳол тағйир додани ӯ хеле мушкил мешавад.

Дуруст, ки ба ронандаҳои мусофирбар ҳам аз як ҷиҳат осон нест ва раҳмат ба онҳо, ки мусофиронро аз ҷое ба ҷое бурда мерасонанд. Вале дар навбати худ онҳо ҳам аз мусофирон бояд миннатдор бошанд, ки ризқу рӯзиашонро аз пушти онҳо меёбанд. Ҳамчунин, ҷое, ки кор ҳаст, бе камбудӣ намешавад. Баъзан, аз ҷониби мусофирон ҳам кӯтаҳиҳо мегузарад. Вале камбудӣ то камбудӣ дорад. Бахусус, аз ҳисоби ҷавонон ронандаҳое ҳастанд, ки аз кӯчаи тарбияю одоб нагузаштаанд. Пушти чанбараки мусофирбар бо кибру ғурур нишастаю садои мусиқии дилхарошро баланд карда, мошин меронанд ва намеандеашанд, ки шояд дардманду азодоре дар рӯзҳои маргу мир аз COVID-19 низ дар ҷои ҷамъиятӣ ҳузур дошта бошанд. Ба ибораи дигар, худро дар мошинҳои қиматбаҳои хориҷӣ, дар осмони ҳафтум тасаввур мекунанд, ҳол он ки одам мебаранд, на тӯдаи гову гӯсфандро. Борҳо шоҳид гардидаем, ки мошин ронда истода, бо касе дурудароз суҳбати маҳрамона доранд. Ё дар ҳолати бо касе телефонӣ баҳсу ҷанҷол кардан бо овози баланд аз алфози қабеҳ истифода менамоянд. Парвое надоранд, ки дар толори мошин занону духтарон ва кӯдакону пиронсолон нишастаанд. Ба замми одамонро аз меъёр зиёд бор кардан, ақаллан аз эҳтиёт кор намегиранд. Ба эроди одамони синнашон ба бобою бибиашон баробар бо дағалию дуруштӣ ҷавоб мегардонанд. Маҳз аз ҷониби чунин ронандаҳо доимо банд будани  ду курсии шафати ронанда ба мушоҳида мерасад ва боиси хиҷолат, озурдахотирӣ ва норозигии мардум мегардад. Дар сурати норозигии муштариён эҳтимоли гузаштани вирусро ба худ баҳона пеш меоранду фикр намекунанд, ки ҷон барои мусофирони рӯи ҳам ба мошин боркарда ҳам барояшон ширин аст.

Ба ҳар ҳол, роҳбарияти ширкатҳои мусофирбарӣ ва масъулини онҳоро зарур аст, ки дар баробари фикри даромади пулӣ, вақт ёфта бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намоянд ва аз баракати ризқу рӯзии ёфта, дуои неки хурду калон бенасиб намонанд. Зеро то пайдошавии COVID-19 бо баҳонаи хароҷотро пӯшонида натавонистани даромад ё ба қавли онҳо, «покриват накардан» мусофиронро ба ҳадде зиёд бор мекарданд, ки ба ягон қолаби одамияту бехатарӣ рост намеомад. «Бисёр талаб накун, ба кам зор шавӣ» гуфтагӣ барин, бо эълони манъи гаштугузор ё «карантин», ки сафи муштариён бамаротиб кам гардид, ронандаҳои мусофирбар бо қаноат низ зиста тавонистанд. Мутаассифона, сатҳи хизматрасонӣ боз ба ҳолати қаблӣ баргаштан дорад, ки хушҳолкунанда нест. Ҳамчунин, шабеҳи ин вақтҳои охир шоҳиди рафторҳои беҷо дар кӯчаю хиёбонҳо, авбошию содир намудани ҷиноятҳои мудҳиш аз тарафи ҷавонони алоҳидаи дур аз маърифату одоб гардида истодаем, ки чашм пӯшидан аз онҳо боз ҳам бар зарари миллату давлат мебошад. Чуноне Маликушшуаро Баҳор баён доштааст:

Ҷаври бедод кунад умри ҷавонон кӯтоҳ,

Эй бузургони Ватан, баҳри Худо дод кунед! 

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»