Кӯш то халқро ба кор оӣ

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

Хусейн копияМоҳи ноябри соли 2010 ҳамроҳи ҳамкорам Абдулмаҷид Муродов бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз вазъи обуна дар шаҳри Конибодом будем.

Раиси ҳамонвақтаи шаҳр Нӯъмонҷон Обидов моро хуш қабул карду баъди фаҳмидани мақсадамон ба зердастонаш фармуд:

- Фавран Ваҳҳобоваро ёбед!

Чанд дақиқа нагузашта, наздамон зани миёнасоли ситорагарме ҳозир шуд.

Ман зуд ӯро шинохтам. Ӯ ду сол поёнтар аз мо дар бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мехонд. Баъди хатми донишгоҳ, ҳарчанд хабару лавҳаву мақолаҳояшро дар саҳифаҳои рӯзномаҳо зуд-зуд мехондам, вале бештар аз 30 сол боз надида будам.

Зуд маълумоти заруриро ба мо пешниҳод кард. Маълумот роҷеъ ба вазъи обуна, чиниши пахта, рушди иқтисодиёт ва ғайра буданд.

- Ин кас Солеҳа Ваҳҳобова, масъули маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, — бо табассум номбурдаро ба мо шиносонд муовини ҳамонвақтаи раиси шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ.

Нависандаи шаҳир Чингиз Айтматов рӯзноманигоронро одамони муҳим ва қаҳрамонони майдони сухан номида буд. Медидам, ки дар шаҳри Конибодом Солеҳа Ваҳҳобова ҳамин гуна одами даркорӣ ва мушкилосонкун буд.

Гоҳ дар радиои маҳаллӣ, гоҳ дар телевизионҳои «Аниси Конибодом»-у «Шабакаи панҷум» ӯро меёфтем. Бо мардум суҳбат, гуфтугӯҳои мустақими телевизионӣ, бо масъулони соҳаҳо мусоҳибаҳои муҳим ташкил намуда, гузоришҳои махсус ва барномаҳои гуногун тайёр мекард, дар ҳалли мушкилот нақши худро мегузошт.

- Зани ҳалиму хоксор Солеҳа Ваҳҳобова  аз зумраи фидоиён аст, — изҳор дошт муовини раиси шаҳри Конибодом Замирахон Ашӯрматзода.

Солеҳа Ваҳҳобова зодаи деҳоти «Пӯлодон»-и шаҳр  буда, пас аз хатми мактаби олӣ фаъолияти кориро соли 1978 дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 50 оғоз намуда, то соли 1980 дар ин муассиса ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ кор кардааст. Солҳои 1986-1990 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии шаҳр, солҳои 1990-1997 мудири шуъбаи ташкилии комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳр ва солҳои зиёд роҳбари маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр кор кардааст.

- Апаи Солеҳа соли 2014 ба нафақа баромада бошанд ҳам, дар  ташкили барномаҳои радиои маҳаллӣ саҳмгузоранд. Роҳбарии маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳрро акнун духтари хурдии он кас — Парвина ба зимма дорад. Ӯ ҳам мисли модараш чақон, масъулиятшинос ва заҳматкаш аст.

Солеҳа Ваҳҳобова барои хизматҳои арзанда ва фаъолияти пурсамар бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаву сипосномаҳои зиёд қадрдонӣ  шудааст.

- Кӯш то халқро ба кор оӣ,

  То ба хулқат ҷаҳон биороӣ!

Ифтихор мекунам, ки ин байти Низомии Ганҷавӣ ҳамеша шиори ман дар зиндагӣ аст,-мегӯяд Солеҳа Ваҳҳобова.

 

Ҳусейни Назрулло,

 «Садои мардум»