«Куллиёт»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ аз чоп баромад

№112 (4062) 19.09.2019

70324813_2378427168915976_5783773406570741760_nЧанде қабл дар доираи сиёсати фарҳангдӯстона ва ташаббусу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Куллиёт»-и яке аз фарзандони фарзонаи халқи тоҷик Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ дар Муассисаи нашриявии «Адиб»  бо теъдоди 5 ҳазор нусха интишор гардид.

Дар маросими рӯнамоии он, ки дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, олимон, шоиру нависандагон ва намояндагони ВАО- и кишвар иштирок намуданд. Директори Муассисаи нашриявии «Адиб» Давлат Сафаров зикр кард, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ  берун аз Ватан – дар Самарқанду Бухоро, Балху Ҳирот шуҳрату эътибори хосае­ро соҳиб буд. Чун муҳтавои ашъори ӯ рӯҳи хештаншиносию озодандешӣ  дошт ва чароғеро мемонад, ки аз он нури истиқлолиятхоҳӣ паҳну парешон мешуд, замони тираи амирӣ ӯро қабул надошт. Аз ин хотир, кулфати муҳоҷиратро зиёд кашид. Ашъори шоир моломол аз мавзӯъҳои иҷтимоию ахлоқӣ, фалсафию ирфонӣ ва панду насиҳат аст.

Аҷдоди шоир аз собиқ ноҳияи Сари Хосор буда, баъдан ба деҳаи Кангурт кӯч бастааст. Падараш — Зокири Давлатбегӣ, ки аз аҳли илму маърифат будааст, дар тарбияи фарзанд кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Давлат Сафаров, инчунин, зикр кард, ки нашри «Куллиёт»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҳамчун дастоварди арзишманди даврони истиқлолият боиси ифтихор аст.

Шоир, муҳаққиқ ва таърихшинос  Муҳтарам Ҳотам изҳор дошт, ки нашри «Куллиёт»  ба доираи васеи хонандагон имкон медиҳад, ки ба ашъори  мутафаккири дар саргаҳи худогаҳию хештаншиносӣ қарордошта аз наздик шинос шаванд.

- Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ на танҳо суханвару мутафаккир дар улуми расмии замонааш шинохта шудааст,  балки дар ҳунарҳои хаттотӣ, муҳрканӣ, саҳҳофӣ ва наққошӣ низ истеъдоди фавқулода доштааст. Ӯ дар рисолаи «Ашколи хутути исломия» дар бораи 62 навъи хати арабӣ маълумот додааст ва ҳамчун хушнависи чирадаст дар навиштани навъ­ҳои гуногуни хати настаълиқ, нохунӣ, ёқутӣ, куфӣ, райҳонӣ, ёқутии зулфомез ва китобӣ нуфузу шуҳрати зиёд пайдо кардааст, — гуфт Муҳтарам Ҳотам.

Тавре доктори илми фалсафа Кароматулло Олимов зикр намуд, натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки фарзанди барӯманди халқи тоҷик Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ баъди 100 сол ҷойгаҳ ва мавқеи худро пайдо кард, ба хонандагон муаррифӣ гардид, ки барои аҳли зиё пайки фараҳбахши фарҳангӣ мебошад.

Кароматулло Олимов, ҳамчунин, дар бораи камбудиҳои дар нашри «Куллиёт» роҳёфта, аз ҷумла, дар бораи ҳаҷми китоб, изҳори андеша намуд.

Нависандаи халқии Тоҷикис­тон Абдулҳамид Самад шеъри Ҳабибулло Файзулло – «Хонаи Ҳоҷӣ»-ро қироат кард, ки манзараи аҷоиб-шоҳбайтҳо ва ояҳои дар равоқу сутунҳои хонаи шоир моҳирона хаттотишударо пеши назар меовард. Нависанда аз он афсӯс хӯрд, ки манзараҳои дар шеър таҷассумёфта ҳоло осоре боқӣ намондааст.

Дар фаровард сарояндагони хушовоз Файзалӣ Ҳасан, Чиллахон Холов ва Баҳриддин Бегов аз эҷодиёти шоир суруд сароиданд.

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»