Моҳи шарифи Рамазон 6 май оғоз мегардад

№49 (3999) 02.05.2019

Дар ин бора, дирӯз Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон қарор қабул карда, иттилоъ дод, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян намуданд, ки соли равон оғози моҳи шарифи Рамазон ба рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда рост меояд.

Моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз буда, он 4 июн ба анҷом мерасад. Ҳамин тариқ, 5 июн дар мамлакат Иди саиди Фитр таҷлил мегардад.

«Садои мардум»