Мо, ки ғамхори табиат нестем…

№131 (3611) 18.10.2016

earth_4Таъсире, ки инсон дар сад соли охир ба табиат расонид, ба ҳазорсолаҳо баробар аст

То ин матлаб омода шудан аз паҳлуи чанд наҳру дарёча гузашта, аз ҳавои «тозаю беғубор» нафас гирифтам ва дарк кардам, ки  истифода аз оби тираю ифлос, ҳавои вазнини пур аз чангу газ  воқеан боиси нороҳатӣ мегардад.  Вақте дидам, ки болои оби софи дарёча баробари порую бақлашка, ҳамзамон уребчаҳо (памперс) шино мекунанд, ба худ гуфтам «эй вой бар мову ин пешравиҳоямон».  Пештар занҳою кампиракони боиффату озода тифлаконро бе уребчаҳо парвариш ва беосебу беиллат калон мекарданд. Имрӯз модарон ҳатман аз уребча истифода мекунанд, вале аксар кӯдакон беморанду иллатӣ?! Тамоми намуди мағоза, ҳатто хӯрокворӣ, аз уребча пур асту ҳар рӯз ҳазорҳо дона ба савдо меравад, зеро моли талаботи ҳаррӯза гаштааст.

Ана ҳамин тавр, мо – одамон нисбати неъматҳои бароямон ҳаётан муҳим, аз ҷумла обу ҳаво муносибат дорем. Ҳаворо бо ҳар роҳу восита заҳролуду гардолуд карда, боз худ нафас мегирем. Аз ҳисоби газҳои парникӣ, ки аз истеҳсолот берун мешавад ва газҳои нақлиёти сершумор ҳаво вазнин шуда, боиси ҳар гуна бемориҳо мегардад. Дар натиҷа, бинобар истеъмоли оби ифлос, бемориҳо афзоиш ёфтаанд. Тавре Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ хулоса кардааст, ҳар сол зиёда аз 3,4 млн. одам бо касалиҳои аз истифодаи оби ифлос хурӯҷкунанда мефавтанд.

Олимон муайян кардаанд, ки ҳар сол дар олам оби тозаро истифода бурда, ба дарёҳою обанборҳои табиию сунъӣ зиёда аз 4 миллиард м3 оби ифлос партофта мешавад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Кофарниҳон, Хонақо, Варзоб ба нитратҳо, Обишӯру Ёхсу бо сулфатҳо, Вахшу Харангон бо сулфату пайвастагиҳои оҳан ва дарёи Такоб бо калий ифлос гардидаанд. Ҳамчунин, дар об либос мешӯянду боқимондаҳои хӯрокро ба он меандозанд, хокрӯбаю поруи ҳар гуна чорвою парандаро ба он равона мекунанд, ки дар натиҷа об ифлос мегардад.

Худованд неъматҳои фаровонеро, ба мисли об, ҳаво, гулу гиёҳ, ҳайвоноту парандагон барои зиндагии одамон дар рӯи замин офаридааст ва ҳамзамон  Ӯ(ҷ) таъкид кардааст, ки «…бихӯреду бинӯшед ва исроф макунед» (Қуръони маҷид, сураи Аъроф, ояти 31). Аммо, мо на ҳама вақт ба қадри ин неъматҳо мерасему онҳоро мувофиқи меъёр истифода мекунем. Баръакс, беэътиноӣ карда,  ба табиат зарар мерасонем.Аз ин рӯ, дар як гӯшаи замин гармии ниҳоят дараҷа баланд, тӯфон, обхезӣ, сӯхтори ҷангалзорҳо, дар гӯшаи дигар бошад, баръакс, сардии аз ҳад зиёд, боронҳои пай дар пай боиси хисороти зиёди моддию маънавӣ ва қурбонии одамон мегардад.  Олимону коршиносон зимни таҳлили вазъи баамаломада дар баробари сабабҳои гуногун фактори инсониро яке аз омилҳои асосӣ ҳисоб мекунанд.

Чанде пеш зимни мусоҳиба оид ба сабабҳои тағйирёбии иқлим, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Олим Бобоев, аз ҷумла  зикр кард: «Тезутунд шудани муҳити зист вобаста аст ба фаъолияти номураттаби инсон ва механизмҳои иқтисодии муосир, ки аслан барои гирифтани фоидаи беш аз тавони табиат равона карда шудаанд. Дар ин раванд масъалаи ҳамбастагию ҳамоҳангии инсону табиат ба назар гирифта намешаванд. Яъне, механизмҳои иқтисодӣ на ба фоидаи табиӣ, балки барои ба даст овардани ҳар чӣ бештар фоида равона шудаанд. Бинобар ин, барои пардохти ғайритабиии фоизи қарз инсон дар доираи фаъолияти хеш маҷбур мешавад, ки аз табиат беш аз ниёз истифода барад. Ба қавли дигар, экспансияи ноодилонаи инсон ба табиат рух медиҳад. Ба ҳамин тариқ, мувозинати байни фаъолияти инсон ва экосистемаи муҳити зист (ноосфера) вайрон мешавад. Дар натиҷаи чунин як муносибати нодуруст (ғайритабиӣ) дар ҷаҳон фалокатҳои табиӣ ва ҷангҳои гуногун бо мақсади ба даст овардани захираҳои арзони табиӣ ба амал меоянд».

Инак, тавре мушоҳида мекунем, ҷараёнҳои табиӣ ва ҳодисаҳои вобаста ба он, ки имрӯз дар табиат рух медиҳанд, ҳудудҳои васеъро фаро гирифта, ба ҳаёти одамон, иқтисодиёт, кишоварзӣ ва умуман муҳити атроф, таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Барои дар якҷоягӣ ҳал  кардани масоили экологӣ, бо пешниҳоди панҷ давлати Осиёи Миёна Маркази минтақавии экологӣ ташкил шудааст. Дар ин кишварҳо низ марказҳои экологӣ таъсис ёфтаанд ва барои беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо вобаста ба ҳифзи табиат фаъолият мебаранд.

Ба андешаи директори Маркази минтақавии экологии  Осиёи Миёна, профессор Абдулҳамид Қаюмов, Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, умуман дар ҷаҳон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад. Вай дар ин робита чунин иброз дошт:

- Имрӯз тағйирёбии иқлим дар сатҳи глобалӣ эҳсос мешавад. Табиати Тоҷикистон хусусиятҳои хоси худро дорост. Агар гармии ҳавои минтақаҳои ҷануби кишвар то ба 40-47 дараҷа расад, дар  минтақаи Помири Шарқӣ, аз ҷумла дар мавзеи Булункӯл ҳарорати ҳаво то ба 63 дараҷаи сардӣ мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар Антарктида сардии ҳаво ба ҳисоби миёна 83 дараҷа аст.

Имрӯз, ҳолати баамаломада одамонро водор сохтааст, ки барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим, кам кардани таъсири ҳодисаҳои табиат чораҳо андешанд. Ин мавзӯъ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст ва вобаста ба он ҳамоишу ҷамъомадҳои сатҳи гуногун доир мегарданд. Аз ҷумла, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон -  шаҳри Душанбе  қариб ҳар сол дар сатҳи баланд бо ширкати роҳбарони давлатҳои гуногун ва коршиносони байналмилалӣ ҳамоишҳо доир мегарданд ва рафти ин ҷамъомадҳо аз тариқи расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Садои мардум», инъикос гардидаанд.  Ахиран, аз 9 то 11 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор -  «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт»  доир гардид, ки дар он зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузург бори дигар аз хатари афзун шудани обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо, баланд шудани сатҳи дарёҳо, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар мушкилоти марбут ба об ёдовар шуда, ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуд, ки барои ҳалли масоили марбут ба ин мушкилот ҳамкорӣ ва муколамаи созандаи байнидавлатиро пеша намоянд.

Ба қавли олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавиаш аз ҷумлаи минтақаҳои осебпазир маҳсуб меёбад, 60 соли охир ҳарорати солонаи ҳаво қариб 1ОС баланд ва боришот зиёд шудааст.

- Дар чунин шароит хавфи обшавии пиряхҳо мавҷуд аст. Азбаски пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Миёна мебошад, кишвари мо хостори он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба масъалаи мутобиқшавӣ ва паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Ҳамчунин, бо мақсади огоҳии аҳолӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ташкили самараноки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати экологии одамон зарур аст,- мегӯяд муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарифова.

Воқеан, дар кумитаи мазкур дар ин робита кори зиёди назаррас анҷом дода мешавад. Он яке аз сохторҳои асосии  Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, баҳри татбиқи сиёсати ягонаи давлатии экологӣ, обуҳавошиносӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ фаъолият менамояд, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиатро амалӣ месозад. Мутахассисони кумита барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ барномаи махсусеро таҳия кардаанд, ки айни ҳол амалӣ мешавад.  Дар назди кумита аз соли 2013 бо ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори омма «Клуби экожурналистон»  амал мекунад, ки дар машғулиятҳои он масоили гуногуни марбути  муҳити зист, роҳҳои пешгирӣ ва мутобиқ гаштан ба хавфҳои экологӣ, истифодаи оқилонаи захира ва сарватҳои табиат таҳлил ва баррасӣ мегарданд.

Оид ба масоили ҳаётан муҳими мавриди зикр дар дохили кишвар низ дар сатҳи вазорату идораҳои марбута ва ташкилотҳои байналмилалии хориҷӣ мунтазам семинару конфронсҳо, тренингҳо баргузор мешаванд. Чанде пеш барои ҷалби журналистон ба масъалаи  роҳҳои мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ тренинг гузаронид ва муаллифи ин сатрҳо низ ҳузур дошт. Олимону мутахассисон таваҷҷуҳи журналистонро ба таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёт ва соҳаҳои гуногун ҷалб карданд.

- Моҳи декабри соли 2015 баъди вохӯрию мулоқотҳои зиёд намояндагони давлатҳои гуногун барои амалиёти якҷоя ҷиҳати кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим  ва риояи низоми истифодаи сарватҳои табиат дар шаҳри Париж созишнома  ба имзо расониданд. Ба ин созишнома айни ҳол 195 давлати дунё ҳамроҳ шудааст,- иттилоъ дод устоди Донишгоҳи давлатии Санкт – Петербург, узви Бюрои русӣ-олмонии иттилооти экологӣ Ангелина Давидова ва афзуд, ки журналистон низ бояд дар баррасии ин масъалаи ҳаётан муҳим хеле фаъол бошанд.

Таҳлили мавзӯъ аз ҷониби ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Қодиров ҷолиб буд. Масъалаи мавриди таваҷҷуҳро вай бо хоҳиши мо мухтасар чунин баён кард: «Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳсор мебошад ва дар ҳудуди он зиёда аз 8000 пиряхҳо, 947 дарёи хурду бузург ва 1300 кӯл ҷойгир шудааст, ки 51,5 фоизи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамояд. Тазаккур бояд дод, ки тағйирёбии забонаи пиряхҳо ва реҷаи обӣ яке аз муайянкунандаҳои асосии тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар муддати сад соли охир 30 фоиз забонаи пиряхҳои Тоҷикистон кам шудааст. Дар баробари ин, реҷаи дарёҳо аз 10 то 30 м3/с зиёд шудааст.

Тавре маълум аст, қариб 70 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот умр ба сар мебаранду асосан ба кишоварзӣ машғуланд, ки пешрафти кору рӯзгорашон аз сифати об, ҳаво ва хок вобастагии калон дорад. Тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки дар 10 соли охир дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон ба даст овардани ҳосили анор қариб тамоман номумкин шудааст. Деҳқонон мегӯянд, ки 10-15 сол пеш ҳосилнокии анор дар ин ҷо хеле зиёд буд. Кишоварзон на танҳо барои зимистон анор захира менамуданд, балки ба кишварҳои хориҷа низ содирот мекарданд. Ҳамчунин, солҳои охир офатҳои табиии вобаста ба об хеле зиёд ба назар мерасад.

Тағйирёбии иқлим тавассути ду омил ба миён меояд: омили табиӣ ва антропогенӣ (инсонӣ). Таъкид бояд кард, ки таъсири дар тӯли сад соли охир ба табиатрасонидаи инсон ба ҳазорсолаҳо баробар шуд.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зичии аҳолӣ аз +0,5 то +1 °С зиёд гардидааст. Яъне, дар ҷойҳое, ки шумораи аҳолиашон зич зиндагонӣ мекунанд, ҳарорат то +1°С афзудааст.

Аз омӯзишҳо бармеояд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба дигар кишварҳои тараққикарда обро дар соҳаи кишоварзӣ зиёд истифода мебаранд, ки ин боиси вайрон гардидани сохтори замин ва шӯршавии он мегардад. Вобаста ба ин, соли 2015 дар лабораторияи «Захираҳои об ва равандҳои гидрофизикӣ»-и институти мо тадқиқотҳои гуногуни сарфаи об, бо дарназардошти барқарор намудани сифати аввалаи хок гузаронида шуд. Дар минтақаҳои пилотӣ ҷавдор, ҷуворимакка, картошка ва дигар намуди полезиҳоро ба таври аз нигоҳи геометрӣ гуногун шинониданд.

Таҷриба нишон дод, ки технологияи обмонӣ, бо  тағйир додани шакли геометрии шинонидани зироат, ду маротиба обро кам талаб мекунад. Шусташавии хок дар минтақаҳои пилотӣ то 200 т/га дар мавсим кам ба назар расид».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим татбиқ мегардад. Дар доираи он дар минтақаҳои гуногуни осебпазири ҷумҳурӣ лоиҳаҳо амалӣ мешаванд. Ҳамчунин, дар кишвар панҷ Маркази иттилоотӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим созмон дода шудааст.

-Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Панҷакент ва ноҳияи Рашт амал мекунанд. Мақсади асосии ташкили онҳо огоҳонидани мардум аз тағйирёбии иқлим, роҳҳои мутобиқшавӣ ба он мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дараҷаи маърифати экологии одамон, бахусус дар масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, баланд бардошта, дар мавридҳои зарурӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад.

Аз ҷониби Маркази татбиқи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим марказҳои номбурда барои баргузор намудани тренингу семинарҳо, маҳфилу дигар чорабиниҳо бо асбобу анҷоми зарурӣ таъмин гардонида шуд,- гуфт намояндаи котиботи Барномаи пилотӣ Ғиёсиддин Нимонов.

Имрӯз инсоният дарк кардааст, ки дар тӯли таърихи башарият нисбат ба табиат чӣ қадар ноодилона рафтор кардааст. Ин дар ҳолест, ки барои зиндагии хубу гуворо  бароямон табиати зебо, осмони соф, обу ҳавои тоза зарур аст.  Мутаассифона, одамон аз неъматҳои фаровони табиат суиистифода  мекунанд ва дар натиҷа вайрон шудани муҳити атроф, обу хок ва ҳаво, умуман иқлим,  имрӯз ҳамаро ба ташвиш овардааст. Мо алҳол дар бораи дараҷаи пасти маърифати экологии одамон гап мезанем, ҳол он ки ниёгони дуру наздики мову шумо ғамхорӣ кардан нисбати табиатро хуб таълим медоданд. Онҳо таъкид мекарданд: «Обро ифлос накунед, ки убол аст», «Дарахти сарсабзро набуред», «Ҷонварону парандагонро озор надиҳед» ва ғайра. Имрӯз гӯиё чунин панду насиҳат ба гӯши касе намедарояд. Гурӯҳе обу ҳаво, гирду атрофро ифлос мекунад, як гурӯҳи дигар ба ин манзараҳо нигариста, бепарвогӣ зоҳир менамояд. Аммо ҳама мехоҳанд, ки оби тоза нӯшанд, аз ҳавои тоза нафас гиранд, дар пайроҳаю кӯча ва роҳҳои тозаю озода сайругашт кунанд. Хулоса, ба табиат ва муҳити атрофамон ба таври бояду шояд ғамхорӣ зоҳир намекунем, аммо мехоҳем, ки табиат бо мо ғамхор бошад!

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»