Модари ман

№30 (4770) 07.03.2024

Ҳар сол дар оғози моҳи март, ки мужда аз баҳори файзбахш мерасад, ду ҷашн таҷлил мешавад – Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуот. Модар ба ҳама азиз аст ва дар сифати ӯ ҳар кас мехоҳад беҳтарин ҳарфҳоро бигӯяд, хоса аҳли эҷод. Чанде аз ҳамкорони мо модарони хешро сарчашмаи ба эҷод пайвастанашон медонанд. Дар арафаи Рӯзи Модар аз онҳо хоҳиш намудем дар сифати модари хеш чанд ҳарфе бигӯянд.

WhatsApp Image 2024-03-07 at 08.47.40Тилло Некқадамов: — Дар ситоиши модарон зиёд навиштаанд, вале ин ҳама дар сифати шахси барои мо азиз қатрае аз баҳр аст. Вақте модарам Аълочии маорифи Тоҷикис­тон, муаллим-методист Нуқра Худобахшова (рӯҳаш шод бод) аввалин хабари дар рӯзномаи «Овози дӯстӣ»-и ноҳияи Рӯшон (12 феврали соли 1975) чопшудаамро хонд, рӯҳбаландам намуд. Маслиҳат дод, ки бештар маҷаллаю рӯзномаҳои давриро мутолиа намоям. Дар баробари нашрияҳои ихтисосӣ (модарам муаллимаи биология, ботаника ва география буданд), иловатан, ба маҷаллаи «Садои Шарқ», рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Маориф ва маданият» ва «Комсомоли Тоҷикистон» обуна шуд.

То хатми синфи даҳум бо навиштаҳои журналистони он айём ошно шудам. Чандин хабару мақолаҳоям дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони советӣ» ва рӯзномаи ноҳиявии «Овози дӯстӣ» ба нашр расид. Боре модарам аз мағозаи китоби ноҳия «Умре дар роҳ» ном маҷмӯаи дастҷамъии журналистони шинохтаро харида, ҳадя кард. Мураттиби китоб раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ғоиб Қаландаров буд. Китоб аз очерк, сафарнома, мақола, мусоҳибаҳои журналистони замон мураттаб шуда буд, ки бароям хеле манфиат овард.

Ғамхорӣ ва дастгирии модари азизам буд, ки ба гурӯҳи журналистикаи УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, ба орзуи ҷавониям расидам. Фаъолияти журналистиям аз рӯзномаи «Паёми Душанбе» оғоз ёфт. Инак, зиёда аз 30 сол мешавад, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият дорам.

Ҳар боре ба аёдати модарам мерафтам, баъд аз ҳолпурсӣ мегуфт:

- Газетаҳои ин ҳафтаро овардӣ? Ягон мақолаи нават чоп шудааст?

Ман дастаи рӯзномаҳоро наздаш гузошта, танҳо мемондам, то навиштаҳоямро хонад.

20 сол мешавад, ки модари азизам дар қайди ҳаёт нест. Агар умр вафо мекард, 1-уми июни соли равон модари биҳиштиям ба 90-солагӣ мерасид. Мо, фарзандон ва набераҳояш, дар зодрӯзаш ҷамъ омада, рӯҳашро бо дуо ва хотираҳои нек шод мекунем. Бо гузашти солҳо бисёр чиз фаромӯш шуд, вале меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва навозишҳои гарми модарам на. Агарчӣ худ падари чор фарзанд ва шаш набера ҳастам.

Модари ФарзонаФарзона ФАЙЗАЛӢ: — Девони ҳикматомези Ҳофизу Саъдӣ, Мавлонову Бедилу Соибро аз паҳлуи кати хоби модарам дарёфтам ва моҳияти осори манзуми ин фарзонагонро аввалин бор модарам ба ман тафсир намуд. Осори пурарзиши адибони машҳури ҷаҳон Даниел Дефо, Майн Рид, Марк Твен, Александр Дюма, Лев Толстой, Александр Пушкин, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов ва дигаронро ба воситаи модарам шинохтам.

Модари ман замоне барои идомаи таҳсил ба шаҳр омаданд, ки он ҳангом ба шаҳр рафтану соҳибмаълумот шудан барои бонувони деҳа кори саҳл набуд. Муаллими забон ва адабиёти тоҷик шуда ба деҳа баргашт ва наздики 40 соли умри хешро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фархор сарфи таълиму тарбия намуд. Нуҳ сол, то расидан ба синни нафақа, масъулияти директории муассисаи мазкурро ба зимма дошт. Дар баробари ҳашт фарзандро ба камол расондану соҳибмаълумот кардан, дар тарбияи даҳҳо шогирдон нақши мондагор дорад.

Ҳине, ки падарам ба хотири таъмини рӯзгор, саодати мо — фарзандонаш барои кор ба Россия рафтанд, бори рӯзгор ва тарбияи мо ба зиммаи модарам буд. Ҳоло, ки худ модарам, дарк менамоям чӣ сон душвор аст ин, аммо модарам тавонист.

Шикастани анъана дар оила, хоса дар деҳаи дурдаст, мубориза барои соҳибмаълумот намудани духтаронаш кори саҳл набуд. Боз ҳам тавонист модарам. Мо — духтаронашро барои идомаи таҳсил аз деҳа ба шаҳр фирис­тода соҳибтахассус намуд, роҳи моро мунаввар сохт.

Аз модар шунидам, ки ҳар инсон бояд бедор бошад, худро шиносад, ба дармондагон ёрӣ расонад, ба имону виҷдону Ватан хиёнат накунад ва ин паёми инсонсози ӯро ҳоло ба фарзандонам мерасонам.

Аз модар омӯхтам, ки зиндагӣ бо ҳама буду набудаш зебост ва онро дӯст бояд дошт. Аз пасманзари андешаҳои мармузаш дарёфтам, ки дар ҳаёт тарсуҳо маҳв мешаванд ва фақат диловарон қудрати фатҳи қуллаҳои зиндагиро доранд. Омӯхтам, ки як зан ба ҳангоми аз хона дур будани ҳамсафари зиндагиаш кӯдаконашро эҳтиёт бояд кунаду чун афсари посбоне, ки савганди садоқат ёд кардааст, ошёни орзуҳояшро аз ҳама хатарҳо эмин дорад. Оре, осон нест ин ҳама, аммо модарон метавонанд, зеро онҳо бузурганд…

Ман аз модарам сипосгузорам ва бо ӯ ифтихор мекунам. Рӯзи Модарро ба ӯ ва дар симои ӯ ба ҳама модарон таҳният мегӯям.

Модари Ворис-ако (2)ВОРИС: — Модари ман кони афсона буд, ҳарферо бе масалу мақол намегуфт. Модари ман фаришта буд, бол дошт, парвоз мекард, ҳавои муаттари покро дӯст медошт. Модари ман чодари номус бар сар, аз раҳи сарнавишт хор мечид, вале ба хориву пастӣ тан намедод…

Зиндагии модари ман ғарқи дарёи ишқу маърифат буд. Насиҳат мекард, панд медод, аз ногуфтаҳо мегуфт. Сафоли модарам бӯи райҳон дошт.

Модарам боғчаи гул дошт, рангоранг, хушрӯву хушбӯ. Ҳар субҳ ба саломи гулҳо мерафт. Баргҳояшонро мешуст, аз рухсораашон мебӯсид, аз ҳолашон мепурсид. Гулҳо ғарқи ноз мешуданд, аз меҳрубониҳои модарам мерақсиданд.

Модарам хонаро ҷорӯб мезад, кӯрпача меандохту атр мепошид ва дару равзанаро боз мегузошт. Мо, ки рӯи кати ҳавлӣ даври дастархон мешиштем, аз ин кори ӯ ҳайрон мешудему мепурсидем:

- Хона холӣ, барои кӣ кӯрпача меандозӣ?!

- Барои фариштаҳо! – ба ҷид посух медод ӯ.

- Кадом фариштаҳо?

- Эҳ, бачаҳои сода, — алам мекашид модар аз бехабарии мо. — Ҳар шом ба рӯи замин фариштаҳо мисли ситора мерезанд, аммо фақат ба ҷои поку тамиз фуруд меоянд. Ба хонаи норӯфта фаришта намедарояд. Аз манзиле, ки фаришта ибо кард, баракат мепарад. Дили сокинонаш сахт мешавад, ба дару деворашон сиёҳӣ мерезад.

Модарам фариштаҳоро медиду мешинохт ва рози омаданашонро медонист.

- Зан асп асту шӯ човандоз, — насиҳат мекард модар духтаронашро. — Аспи човандози беҳунар мелангад. Аммо аспи рисолатдор човандози заифро ҳам ба мурод мерасонад.

- Намози дигар кори дигар! – таъкид мекард модарам. — То намози шом кори хонаро саранҷом кунед. Вақти говгум кӯдаконро ба кӯча намонед, чорпоёнро ҷо ба ҷо созед, дару равзанаҳоро бандед, чароғро гиронед. Дар баста — бало баста!

Рӯи обро ҳам пӯшонед, ки шайтон макрӯҳ мекунад. Ҳини хоб чароғҳоро хомӯш кунед, аммо якеро фурӯзон нигоҳ доред. Зиёнрасонҳо аз равшанӣ мегурезанд.

Пои ботаҳорат ба ҷогаҳ дароед. Бо дасти рост хобед. Сураҳои «Фалақ» ва «Нос»-ро тиловат кунед…

Модари ман ҳакиму доно буд. Асрори ҳама чизро медонист. Ба дили мо қувват мебахшид. Дар канори ӯ осоиш меёфтем.

Зану оина дугонаҳои қадимӣ ҳастанд. Модари ман ҳаққи оинаро пос медошт. Духтарону келинҳояшро насиҳат мекард:

- Оина каҷро каҷ, ростро рост менамояд. Худро барои шавҳаронатон оро диҳед, сурма кашед, ҳино бандед, атр занед! Нагузоред, ки дилмонда шаванд. Аммо ба оина бисёр нигоҳ накунед, ҳуснатонро медуздад, рӯятон бенур мешавад. Шабҳо пеши оина наравед, худро тамошо накунед, хосияти бад дорад. Оина дунёе дигар аст, шабҳо зиёнбор мешавад. Рӯяшро пӯшеду орому осуда хобед.

Модари ман валӣ буд, ғайбро медонист.

Модарам тасбеҳ мегардонду Худоро дона-дона гиря мекард. Рӯи ҷойнамоз соатҳо мешишт. Аввал дар ҳаққи мардум, баъд барои ҳамсояҳо, сипас барои хешу табор ва дар охир барои мо дуо менамуд.

- Одам аз дуо месабзад. Дуои бад дарахтро ҳам мехушконад, — мегуфт модарам.

Модарам дуо мехонд. Кафи дастонаш сабзу муаттар буд…

МОДАРАМ 2Аброр ҶАББОРОВ: — Модари азизи ман баҳори 70-умини умри хешро пешвоз мегирад. Ман низ одами баркамол шудаам, вале ҳанӯз ҳам ҳангоми ҳар дидор хешро ба оғӯшаш мепартояму худро кӯдак эҳсос мекунам. Ин лаҳзаҳо ҳама ғаму ташвиши дунё фаромӯш мешавад, ки ин аз бузургии модар аст. Гоҳе, ки дар пойтахт, зимни кору зиндагӣ хастаю дилгир шавам ё мушкиле пеш ояд, модарамро ёд меорам ва ба ӯ занг мезанам. Садои навозишгари ӯ: «лаббай, бачаҷонам» маро таскин медиҳад. Хастагиям рафъ мегардад. Худоро шукр мекунам, ки модарҷонам дар паҳлуям ҳаст.

Хатмкардаи донишгоҳам, аммо дарси муҳаббату покиро танҳо аз модар омӯхтам. Худ напӯшидӣ, вале беҳтарин либосро барои мо харидӣ. Шабҳо ба хотири ором хобиданамон нахуфтӣ, то саҳар сари гаҳвораамон алла мегуфтӣ. Барои ин ҳама заҳматҳо қарздорем ва гумон аст онро баргардонда тавонем. Аммо аз мо чизе талаб надоред. Аз Офаридгор бароят боз ҳам офияту хушбахтӣ, саодату баракат талаб менамоем. Умратон дароз бод, модар!

Нигина САФДАРОВА: — Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бо дилсӯзию бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст. Ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки ба ранҷу озоре гирифтор гардад. Модар мехоҳад фарзандаш бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.

Оча апа НигинаМодар кони лутфу меҳрубонист ва ҳар гоҳи дасти навозиш ба сари фарзандон бурдан ва сухани ширину нозуке гуфтанаш қалбҳои мо лабрези шодию фараҳ мегардад. Яъне, ҳама эъҷозу парвозҳо, эҷоду бунёд ва қаҳрамониҳо самараи заҳмати шабонарӯзии модарон аст.

Бесабаб нест, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаю суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покию садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некию накукорӣ, меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш гардида, баракати хонадон, муъҷизаи зиндагӣ арзёбӣ шудааст.

Дар осори бузургони ҷаҳон модар мақому манзалати бениҳоят баланд дорад, зеро ӯ на танҳо ба фарзандаш ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накутарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад.

Модари ман омӯзгор, муаллимаи фанни химия мебошанд. Синнам ба ҷое расида бошад ҳам, вақте ки дохили хона мешавам, пеш аз ҳама, модарамро мепурсам. Гарчанде худ модар, тарбиятгар бошам ҳам, вале доимо ба маслиҳати модарам ниёз дорам. Ин омил далели раднопазири он аст, ки модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад.

Ман аз модарам дӯхтани шероз, бофтани тӯр, омода кардани ғизо, меҳмондорӣ ва ғайраҳоро омӯхтаам. Маҳз, дуои модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ, бедорхобиаш, дастгириашон буд, ки ман ба ин мартаба расидам. Фазилату хоксории модарам то ҳадде аст, ки фарзандони маро то боғчаю мактаб мебурд. Модарҷон, ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки дар лаҳзаҳои вазнини рӯзгор маро таскин додию дастгирӣ кардӣ. Бамаврид аст ёдовар шавам, ки модар вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон, ки бо дигар мафҳум садо медиҳад, оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерумандии атокардаи Худованд роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад.

Модари пирам бо ҳасрат дар бораи модараш нақл мекард, васфи ӯ мекард ва мо медидем, ки чӣ гуна аз чашмонаш ашк мерехт. Фарзандон ашки чашмонамро набинанд гуфта, рӯяшро тарафи дигар мегардонд. Мо ҳайрон мешудем, ки модарам пир шудаанду ҳоло ҳам «модарам» мегӯяд.

Модарҷон, ман барои ҳамаи заҳматҳои кашидаат, ки мо — 7 фарзандро хонондию соҳиби маълумоти олӣ намудед, сари таъзим фуруд меорам. Кӯшиш ба харҷ медиҳам, минбаъд низ эҳтирому самимияти худро ба бузургию зебоӣ ва азамату олиҳимматии модари поксириштам собит созам.

Таҳияи Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»