Муаррифии китоби пурарзиш

№69 (3054) 08.06.2013

Безимени-1Ба наздикӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» (28 майи соли 2013 №64) роҷеъ ба нашри китоби «Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ»  гузорише нашр шуда буд. Ёдовар мешавем, ки он библиографияи навиштаҳо ва матни суханрониҳо, суҳбату мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва маводҳоро доир ба фаъолияти пурсамари сиёсӣ ва роҳбарии Сарвари давлат дар бар гирифта, аз ҷониби олимону мутахассисони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таҳия ва ба табъ расидааст.

Шашуми июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ҳузури ходимони давлатию ҷамъиятӣ, донишмандону адибон ва китобдорону рӯзноманигорон муаррифии китоби «Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ» баргузор гардид.

Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», академик Носирҷон Салимов роҷеъ ба ҷараёни таҳияи ин китоб ва аҳамияти он ҳарф зада, аҳли нишастро даъват намуд, ки дар атрофи ин асар фикру мулоҳизаҳои хешро баён кунанд.

Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси  миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф, мактабҳои олии мамлакат, адибон зимни суханронии хеш китоби мазкурро арзишманду муфид арзёбӣ карда, ба заҳмати ҳайати эҷодӣ баҳои баланд ва ҳамзамон барои мукаммалтар кардани нашрҳои минбаъдаи китоб маслиҳатҳои пурқимат доданд. Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки китоб бо теъдоди зиёд чоп шуда, ба вазорату идораҳо, китобхонаҳо дастрас карда шавад.

-Мо хеле хушҳол шудем, ки муаррифӣ ва баррасии ин асари библиографӣ, ки  нахустин кӯшишҳои китобшиносии фаъолият ва кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аст, бо ҳузури шахсиятҳои маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, донишмандону адибони шинохта сурат гирифт ва онҳо барои фаъолияти минбаъдаи мо дар ин ҷода маслиҳату пешниҳодоти пурқимат доданд. Тамоми эроду пешниҳодоти онҳоро ба эътибор гирифта, саъй мекунем, ки дар нашрҳои минбаъдаи китоб камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро бартараф намоем,- гуфт мураттиби китобнома, муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»