Насим Раҷаб: «Равнақи эҷодам аз баракати «Анбоз» аст»

№94 (3731) 08.08.2017

Улугзода дар Пионери Точ. с 1987.Насим Раҷаб, нависанда ва собиқадори матбуоти тоҷик, бахусус нашрияи наврасони ҷумҳурӣ «Анбоз» аст. Дар дафтарчаи меҳнатиаш фақат як ҷойи кор — «Пионери Тоҷикистон» — «Анбоз» сабт шудааст.

85 — солагии «Анбоз» фурсати муносибе буд, ки бо ӯ оид ба таърихи нашрия, фаъолияти эҷодӣ ва ҳамкоронаш суҳбат анҷом додем.

- Шумо баъди хатми факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ, ба қавле, «рост ба идораи «Пионери Тоҷикистон» омада»,  ба фаъолияти рӯзноманигорӣ сар кардед. Ҳамин тавр, 55 сол заҳмати рӯзноманигории нашрияи бачаҳоро бар дӯш доштед. Оғози ин роҳи мушкил, вале пуршарафи эҷодӣ чӣ гуна буд?

- Фаъолияти ман дар нашрияи «Пионери Тоҷикистон» августи соли 1960, дар 25-солагиам, оғоз шуда, то соли 2015 — 80-солагиам идома ёфт.  Аз рӯзҳои аввал кормандони идора диламро ба рӯзнома гарм намуданд. Сармуҳаррири рӯзнома шоир Бурҳон Фаррух, шоираҳо Мавҷуда Ҳакимова, Гулчеҳра Сулаймонӣ, кормандон Саидалӣ Очилдиев, Исрофил Бозоров, Мухтор Қаҳҳоров, Акбар Қодирӣ, Илё Илёбоев, суратгир Василий Лиферов барои журналисти матбуоти бачагона шуданам мадад расондаанд.  Солҳои шастум ва аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба идораи нашрия Гулрухсор Сафиева ба ҳайси сармуҳаррир, журналистон Абдураҳим Холов, Саидҷон Почоев, Тоҷинисои Султонӣ, Тоҷинисои Азиз, нависанда Сафияи Носир, шоирони бачаҳо Ҷӯра Ҳошимӣ, Маҳбуба Неъматзода ва дигар адибону журналистони боистеъдоду  рассомони хуб ба кор омаданд.

Ду даҳсолаи баъдӣ қаламкашон Бахтиёр Ҷумъаев, Ҷумъаи Мирзо, Камоли Қурбониён, Мардони Муҳаммад, Ситора Қурбонова, Солеҳҷон Юсуфов, Мирзо Сатторов ва рассом  Зебо Давлатшоева ба мо ҳамроҳ шуданд.

Солҳои 80-ум ва 90-уми асри ХХ ҳамеша муҳити солими эҷодӣ мавҷуд буд. Дар ҷаласаҳое, ки шумораҳои чопшудаи рӯзнома баррасӣ мешуданд, баҳс мекардем, тавсифу танқид мешунидем ва боз корамонро идома  медодем. Аз оғоз то анҷоми фаъолият фарҳанги баланди муносибати ҳамкорон, тифоқӣ, меҳрубонӣ, дастгириву ғамхориро нисбат ба ҳамдигар дидаам.

Дар идораи рӯзнома одамони машҳуру соҳибэҳтиром меҳмон мешуданд. Соли 1977 бо даъвати сармуҳаррир кайҳоннавард, командири киштии кайҳонии «Союз-23», Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Вячеслав Зудов, ки дар Тоҷикистон бо ҷавонон вохӯриҳо дошт, меҳмон шуд.

- Соли 1987 ба муносибати 100-солагии устод Абулқосим Лоҳутӣ бо устод Сотим Улуғзода ва чанде аз фарҳангиёни маъруфи кишвар, аз ҷумла София Тӯйбоева, Мамлакат Наҳангова, Ҳалима Насибулина, Фирӯз Баҳор мулоқот доштем…

- Бале. Нависандаи хуби бачаҳо Анатолий Алексин, журналистони рӯзномаи умумииттифоқии «Пионерская правда», нашрияҳои дигари бачагонаи ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ низ меҳмон шуда буданд. Сари чанд вақт нависандаи бачаҳо Болта Ортиқов аз Самарқанд омада, меваҳои шаҳдбори боғашон, нони ширмол ва хушмазаи Самарқандро дастовез меоварданд.

- Пеш аз суҳбат бо шумо китобчаву буклет ва рӯзномаи ҷашниро ба муносибати 50-солагии «Пионери Тоҷикистон» аз назар гузаронидам. Биёед, бо ёрии онҳо таърихи рӯзномаро  кӯтоҳ мурур кунем.

Аз таърихи дар он ҷо сабтшуда  бармеояд, ки 23 феврали соли 1932 Шӯрои Комиссариати Халқии Тоҷикистон масъалаи ҷудо кардани маблағро барои газетаи мактабиён баррасӣ намуд. Он ҷудо гардид. Бо пешниҳоди устод Сотим Улуғзода рӯзнома номи «Пионери Тоҷикистон» — ро гирифт. Шумораи нахустин 5 апрели соли 1932 ба табъ расид ва чанд сол бо ҳуруфи лотинӣ чоп шуд. Саҳифае ба забони русӣ ҳам дошт.

 «Пионери Тоҷикистон» солҳои 30-юми асри гузашта дар ташвиқу тарғиби маҳви бесаводии аҳолӣ – бачаҳову хонаводаҳои онҳо, саҳми худи бачаҳо дар босаводкунии калонсолон хидмат намуд. Дар бораи наврасоне менавишт, ки ба бунёдкорони қисмати тоҷикистонии Канали калони Фарғона вақти танаффуси корӣ рӯзномаву маҷалла мехонданд, алоқачии байни қитъа­ҳои сохтмон буданд, корҳои дигари ёрирасониро иҷро менамуданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзнома муваққатан аз нашр боз­монд. Баъди Ғалаба,  9 майи соли 1946, чопаш барқарор шуд ва шумора ба шумора дар бораи қаҳрамониву фидокориҳои бачаҳо дар солҳои ҷанг мақола чоп мекард.  Ҳамзамон, мардумро ба барқарорсозии хоҷагии халқ  даъват менамуд.

Устод Садриддин Айнӣ бо хоҳиши ҳайати эҷодӣ барои нашрия гоҳ-гоҳ мақола менавиштанд. «…Шумоён забону адабиёти модарӣ ва русро нағз омӯзед!..». Ин насиҳати устод, ки тавассути «Пионери Тоҷикистон» моҳи августи соли 1950 чоп шуд, имрӯз ҳам арзиши худро гум накардааст.

Газета дар байни бачаҳо ташкилотчии корҳои судманд буд. Масалан, барои сохтани экскаватори «Пионери Тоҷикистон» соли 1959 дар байни мактабиён 20 рӯзи оҳанпораҷамъкунӣ эълон кард. Экскаватор барои Комбинати масолеҳи сохтмони шаҳри Сталинобод сохта шуд.

Солҳои 60-ум аз оҳанпораи ҷамъовардаи мактабиёни собиқ шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳайкали Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Домулло Азизовро тайёр карда, дар шаҳр гузоштанд .

Солҳои 70 — 80-ум низ ташаббусҳои наҷиби «Пионери Тоҷикис­тон» зиёд буданд. Масалан, соли 1981 иқдоми рӯзнома «Китобҳои хуб — барои бачаҳо»-ро на танҳо мактабиён, балки калонсолон, аз ҷумла адибон, дастгирӣ намуданд.

Солҳои 80-ум рӯзнома  ҳафтае ду маротиба ва бо теъдоди  беш аз 300000 нусха ба табъ мерасид. Варианти русии он, ки адади нашраш  тақрибан  20 000 нусха буд, бо шумораи тоҷикӣ дар як рӯз аз чоп мебаромад.

- Бале, ташаббусҳо зиёд буданд, гуфтаҳои шумо «муште аз хирвор» аст. Ва ҳама бо мақсади тарбияи ватандӯс­тию инсондӯстӣ, саводноку бафарҳанг ба камол расидани бачаҳои кишвар ба амал меомаданд.

- Аммо рӯзнома солҳои навадуми асри ХХ, хусусан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, мисли дигар нашрияҳои даврии Тоҷикистон рӯзҳои душворро аз сар гузаронд. Масалан, соли 1995 «Анбоз» ҳамагӣ се шумора чоп шуд. Баъди соли 1997 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони алоҳидаи саховатманд рӯзнома қомати худро каме рост кард…

- Дуруст. Дар ибтидои солҳои дуҳазорум вазъи рӯзнома беҳтар шуд. Дар ин кор хизмати сармуҳаррирони «Анбоз» шодравон Тоҷинисои Султонӣ, баъди ӯ Халифабобо Ҷумъаев, айни ҳол Ноҳиди Фозил ва  котиби масъули нашрия Ҷумъаи Мирзо, ки 27 сол боз заҳмати ин корро бар дӯш дорад, шоёни таҳсин аст.

Ҳоло «Анбоз» ранга ва 8 саҳифа, аммо бо теъдоди ниҳоят кам (3000 нусха),  моҳе ду маротиба чоп мешавад. Тарбияи ватандӯстӣ, хониши аъло, одоби ҳамида, тарғиби ташаббусҳои бачаҳо дар мактаб, дастгирии бачаҳову наврасони боистеъдод аз мавзӯъҳои асосӣ ҳастанд,  ки инъикос меёбанд.

- Аз соли 1932 нашрияро бист нафар сарварӣ кардаанд. Шахсиятҳои маъруфе чун Ғуломризо Ализода, Қӯзигул Муҳаммадиева, Набиҷон Почоҷонов, А. Л. Будкевич — солҳои аввали ташкилшавӣ, солҳои баъд — донишманд Воҳид Асрорӣ, нависанда Абдумалик Баҳорӣ, шоирон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Бурҳон Фаррух, Мавҷуда Ҳакимова, Гулрухсор, журналист Ҳалима Хушқадамова   сармуҳаррирони рӯзнома буданд.

Аз бистгонаи сармуҳаррирон  шумо бо ҳашт нафар кор кардед. Аз ҷумла бо камина. Ҳама синну сол ва хислатҳои гуногун доштанд. Бо нафаре аз сармуҳаррирон буд, ҳолате ки «ситораатон мувофиқ наомад»?

- Аз ҳамаи сарварон, ки ҳамроҳашон кор кардам, хотираҳои нек дорам. Онҳо мувофиқи ҷаҳонбинӣ, фаҳмишу дониш ва таҷриба кӯшиш намуданд, ки дар нашрия ягон навоварӣ ҷорӣ кунанд, чизи хуб аз худ гузоранд, кормандонро омӯзонанд. Худашон низ аз ҳамкорон меомӯхтанд ва ин ягон ҷойи айб надошт. Баҳсҳо мешуданд, аммо ба фоидаи кор. Яъне, бо ҳамаи роҳбарони нашрия «ситораам мувофиқ омада буд».

- Шумо муаллифи 21 қисса барои бачаҳову калонсолон ҳастед, ки аз онҳо дутоаш — «Вақте ки театр мегирист» соли 1993  аз тарафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Китоби сол» эълон шудаасту дигаре – «Даргаҳи меҳру вафо» сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддини Айнӣ. Гуфта будед, ки «маро рӯзномаи бачаҳо нависанда кард». Қиссаи аввалинатон «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд»- воқеаҳои аҷоибу ғароиби аз сар гузаронидаи бачаҳо дар осоишгоҳи тобистона, танҳо баъди 12 соли фаъолияти журналистиатон эҷод шудааст. Барои навиштани ин қисса, умуман қиссанависӣ, чӣ бароятон такон гашт?

- Соли 1972 ҷуръат карда, ин қиссаро навиштам. Вале он баъди чанд сол дар маҷаллаи «Машъал» чоп шуд. Такон барои навиштани қисса на як воқеа, балки сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриву берун аз он, мушоҳидаҳои  ҳаёти бачаҳои шаҳриву деҳотӣ, омӯхтани хислати онҳо, вохӯриву шиносоӣ бо волидонашон, муаллимону тарбиятгарон, мутолиаи мактубҳои хонандагон буд. Ин сафарҳои хидмативу вохӯриҳо бо мактаб­бачаҳо барои навиштани матлаб­ҳои журналистӣ мавзӯъҳои гуногун медоданд, сабаби дар саҳифаҳои нашрия боз шудани бахшҳои  нав мегаштанд, мавзӯъҳои қиссаҳоямро низ муайян мекарданд.

Қиссаҳои дигарам, масалан, «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Хаймае дар Хами Раз», «Марвориди Эрондухт» – ҳама ҳосили корам дар «Пионери Тоҷикистон»-анд.

Бояд бигӯям, ки чанд қиссаам, пеш аз китоб шудан, баъди ба чоп тавсия намудани Иттифоқи нависандагон, аввал дар «Пионери Тоҷикистон» ва «Машъал чоп шудаанд. Қиссаи «Вақте ки театр мегирист» — ро низ дар «Пионери Тоҷикистон» хондаед. На танҳо навиштаҳои ман, балки асарҳои барои бачаҳо офаридаи нависандагони дигар низ аввал дар ин нашрияҳо чоп шуда, то гӯшаҳои дурдасттарини Тоҷикистон ба дасти хонанда мерасиданд.

Соли 2011 барои наврасон китобе бо номи «Ҳикояҳо аз ҳаёти адибон» оид ба зиндагиву эҷодиёти 53 шоиру нависандаи Тоҷикистон чоп шуд. Он ҳикояҳоро ҳам дар солҳои кориам барои «Анбоз» навиштаам. Имрӯзҳо тақрибан аз 60 ҳикояи ҳаҷвии чопшудаи нависандаҳои бачаҳо маҷмӯа  тартиб дода истодаам.

Аз ҳикояҳои дар мавзӯи маърифатӣ навиштаам, ки солҳои гуногун дар «Анбоз» чоп шудаанд, китобе омода карданиам.

- Яъне, кори «Анбоз» идома дорад…

- Бале. Идораи «Анбоз» бароям ҷойи муқаддас аст. Дирӯз ҳам мегуфтам, имрӯз ҳам мегӯям, ки ҳама равнақи эҷодам аз баракати «Анбоз» аст. Агар ба бачаҳову рӯзномаи бачаҳо меҳр намедоштам, ба мушкилу осони ҳаёти онҳо бетафовут мебудам, магар то синни 80 дар ин ҷо кор мекардам?

Имсол рӯзномаи азизам  85 – сола шуд. Дар тӯли умри худ ҳазорҳо  бачаҳову наврасони наслҳои гуногуни кишварро тарбия кардаасту мекунад.

- Номи нави нашрия – «Анбоз»-ро ҳам, ки маъниаш рафиқу ҳамроз аст, шумо пешниҳод карда будед…

- Бале. Барои кормандони собиқу имрӯзу фардои он саломативу муваффақияти кор орзумандам.

- Устод, орзу мекунам, ки «Анбоз» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  гардад. Танҳо ин мақом онро аз вазъи душвори молиявии имрӯзааш, ки боиси бо теъдоди хеле кам чоп шудан ва дар доираи маҳдуд паҳн гаштани нашрия шудааст, мераҳонад ва дастраси мактабиён мегардонад.

- «Пионери Тоҷикистон» — «Анбоз» мактаби донишомӯз,  вақеанома, китоби таърихи ҳаёти бачаҳову наврасони кишвар аст.

Ҳоло ҳам он давлатӣ аст ва аз ҷониби  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад. Аммо наметавон гуфт, ки «Анбоз»  имрӯз рисолати худро ҳамчун нашрияи давлатии бачаҳову наврасони Тоҷикистон анҷом медиҳад, зеро имкониятҳои пештараи ба  ҳамаи мактабиёни кишвар дастрас буданро надорад. Барои ин маб­лағи ҷудонамудаи Вазорати фарҳанг нокифоя аст.

Дар шароити ҷаҳонишавии ҷиҳатҳои мусбату манфидошта,  дар вазъе, ки ба ҳар васила, аз ҷумла ба воситаи  интернету бозиҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, шабакаҳои ҷаҳонии телевизионӣ ба мағзи бачаҳои мо «ҳуҷумҳои зеҳнӣ»-и идеологияҳои бегона фаровон шудаанд, давлатро дастгоҳи идеологии пурқуввате дар шакли расонаи иттилоотии бачагона зарур аст. Ин расона бояд   тарғибу ташвиқи сиёсати давлатро дар байни насли наврас хуб ба роҳ монад. Ин рисолатро «Анбоз», ба шарте ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад, метавонад шоиста иҷро кунад. Барои ин муассиси «Анбоз» бояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

Набояд фаромӯш кард, ки муҳаб­бат ба рӯзномаву рӯзномахониро, хоҳиши мутолиаи «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва нашрияҳои дигари муҳими кишварамонро дар дили ҷавонону калонсолон маҳз «Анбоз» дар бачагиву наврасиашон метавонад ҷо намояд.

 Мусоҳиб Талъат Нигор,

собиқ сармуҳаррири «Анбоз»